Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Аввал аз боғ сар мекунем.
— Аз ҳамин? — хушҳолона ба ду тарафи пайроҳа даст кушодам ман.
— Албатта!
— Фикри дуруст, зеро дар Сурхонзамин кайҳо боз чун боғи Бобораҳмат-ака шуҳрат ёфтааст.
— Дигар ниятҳо ҳам дорем.
— Ҳеҷ тасаввур мекунӣ, фарзандонаш чӣ қадар хурсанд мешаванд?!
— На танҳо фарзандонаш, — ширин оҳ кашид БаротАлӣ. — Якта-нимта душмани раҳматиро ба ҳисоб нагирем, тамоми халқ хурсанд мешавад.
— Чунки беғаразтарин довар аст халқ...
— Туро то сарҳад мошини ман мебарад, — гуфт вай дар пеши меҳмонхона.
Ман даст дода, ба дӯсти овони бачагии беғами худ, имрӯз ҳокими номвари Деҳнав, ноҳияи воқеъ дар вилояти Сурхондарё ба сарзамини мо ҳамсоя, дилкашол хайрухуш кардам. Ба муовини ӯ, бародари қаламкаш ва рафиқи шафиқам Темур Шавкат низ... Вақте ба ҷониби Нурмуҳаммад даст меёзондам, вай маҳзун хандида, гуфт:
— Ман ба ту меравам. То худи сарҳад...
— Боз беҳтар, — аз таҳти дил болидам ман.
Офтоб дурахшон буд он рӯзи марғуби фасли баҳор. Дар сар то сари боғи бузурги Бобораҳматака — ҷояш ҷаннат шавад! — нарм-нарм боди сабо мевазид. Ва ман, қафаси синаам пур аз ҳавои тоза, миннатдор берун мерафтам аз оғӯши гарми ин обу хок.

1997

пешина
аз 87