Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа
— Аз кору борат гап зан.
— Корҳо бад нестанд. Муҳиммаш, саломатӣ...
— Парво накун, ҷӯраҷон, ту асп барин.
— Чашм нарасад, — боз хандид Бароталӣ.
— Худо хоҳад, намерасад.
— Чунки ту чашм надорӣ. Ҳамин тавр?
— Набошад, чӣ! — оҳиста ба китфи ӯ даст бурдам ман. — Ба аҳли оилаат салом расон... Воқеан, дар ин ҷо чанд саҳифа сиёҳ карда будам. Аз ҳаёти худат. Фурсат ёфта, дар Душанбе аз сари нав мебинам. Баъд... рафту ягон чизи хонданбоб барояд, мефиристам. Фикратро мегӯӣ...
— Ин ташвишро як тараф монда, аввал ба худат машғул шав. Тану ҷонат сиҳат набошад, навиштан ҳам кори саҳл не. Аз ёд набар, ки ту ифтихори манӣ, — чеҳрааш зуд ҷиддӣ гардида, гуфт Бароталӣ. — Кадом вақте хоҳӣ, биё — ҳамин меҳмонхона бо тамоми гектар-гектар боғаш дар ихтиёрат.
Ҳангоме ки қафо мегаштем, ман беихтиёр падари Нурмуҳаммадро ба хотир оварда, такрор пурсидам:
— Чаро ту асосгузори ин биҳиштро фикр намекунӣ?
— Бобораҳмат-акаро? — якбора қадам боздошта, ба рӯям чашм дӯхт Бароталӣ.
— Бале, ҳамон марди воқеан қаҳрамонро...
— Чӣ шудааст?
— Охир, то ҳол ягон ҷойро ба номаш намондаед.
— Мемонем, — табассум кард ӯ. — Ҳар кор пақша дорад, мавриди ба худаш муносиб дорад. Иншооллоҳ, то тирамоҳ ин масъала ба субут мерасад.
— Нағз, — гуфтам қаноатманд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё