Зеҳн
Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Аламам мегирад, апа.
— Аз он ки шояд дармонда, бо кадом ташвиши худ ба Душанбе омадаанд. Ва аз ғояти дасттангӣ ба ягон меҳмонсаро нарафта, ба хонаи ҷиянашон сар задаанд... Дуруст мегӯям?
— Не, охир! Биёянд, раванд. Лекин... тарошаи қоқ барин, ду даст дар бинӣ, аз дари касе даромадан айб нест магар?
— Аввал ин ки, онҳо аз дари одами бегона не, аз дари хеши наздик даромадаанд. Сониян, як кас метавонад дастовез дошта бошад, дигар кас наметавонад... Вобаста аз илоҷаш. Худат медонӣ — ҳоло бисёре аз мардумон ба душворӣ рӯз мегузаронанд.
— Дар ҳар сурат, баъзан фикр мекунам, ки падару модар надорад, дар сағирхона калон шудааст, пас тақдирамро ба вай пайвандам, бе дарди сар зиндагӣ мекунам гуфта, оқибат фириб хӯрдам. Ба ягон шаҳрии худамон мерасидам, сад бор беҳтар буд.
— Аҷаб, дар пешат ду писарчаи нозанин, боз ин хел гапҳои бемаъниро ба забон меорӣ... Айб аст.
— Барои чӣ? Одамон ҳатто ба се-чор фарзанд аз ҳам ҷудо мешаванду...
— Барои он ки вақте ҳаёти кас хуш мегузарад, ман инро ношукрӣ медонам.
— Росташро гӯям, апа... дӯст намедорам.
— Шавҳаратро? — мутаҳайир суол мекунад Шаҳзода.
— Агар не, киро мебуд? — андак сурх шуда, қир-қир механдад Ситора.
— Гапи нав ку! Шояд хешу табори ӯро аз ҳамин сабаб бад мебинӣ. Сониян, модоме дӯст намедоштӣ, чаро дар вақташ саросема издивоҷ кардӣ?

пешина
аз 93
навбатӣ