Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Номи ту бо хуни дил бинвиштаам,
Бо ману бо дил қаринӣ, Орзу.
Бодаам ҳаргиз намеояд ба кор,
Шаҳду қанду ангубинӣ, Орзу.
Булбули хушлаҳҷаи дар боғи ҷон,
Доруи қалби ҳазинӣ, Орзу.
Дар хуморат ошиқон девонаанд,
Нозанинӣ, нозанинӣ, Орзу.
Мухлисони хешро тоҷи сарӣ,
Чун ту аз чархи баринӣ, Орзу.
Аз фаришта, аз фаришта бартарӣ,
Зиннати рўи заминӣ, Орзу.
Аз Худо дорам талаб, дорам талаб,
Ғам набинӣ, ғам набинӣ, Орзу.

ГУЛИСТОНИ ҲАЁТАТ БЕХАЗОН АСТ
Эҳдо ба шоири сарбандӣ
Алиҷони Сарбандӣ

Набудӣ лаҳзае дар ҷанги Гирмон,
Надидӣ даҳшати ҷанги ҷаҳонро.
Вале аз тири ҷонсўзи бародар,
Накардӣ гул, вале дидӣ хазонро.

Талаф додӣ ҷавониро ба бистар,
Нарафтӣ як қадам аз хона берун.
Надидӣ лаҳзаи шодии фарзанд,
Ту танҳоӣ ба қалби зору маҳзун.

Нарафтӣ ту ба базми шодии кас,
Вале байти хуши тўёна гуфтӣ.
Надидӣ бистари гарму валекин
Ту васфи чеҳраи ҷонона гуфтӣ.

Қаламро ёри ҷони хеш хондӣ,
Ҷаҳонро дидӣ андар рўи дафтар.
Димоғи ту пур ар аз бўи хун аст,
Димоғам аз сухан кардӣ муаттар.

Дилам арчанд месўзад бароят,
Вале шодам, ки мебошӣ суханвар.
Надорӣ тангаи тиллою доллар,
Ту бедавлат наӣ дар рўи бистар.

Намехоҳам ба ту ҳайкал гузоранд,
Китобат ёдгори ҷовидон аст.
Ба ҳар маҳфил бихонанд шеъри нобат,
Гулистони ҳаётат бехазон аст.

РАЪНОИ МО
Эҳдо ба шоираи истаравшанӣ Раънои Зоирдухт

пешина
аз 103
навбатӣ