ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
Ин замон дорам ба номат ифтихор,
Баски шогирди хуби Синостӣ2.
Вазнбардори далерӣ, зинда бош,
Ташнагонро чашмаю дарёстӣ.
Номи тоҷик то ба Маскав шуд алам,
Ҳамчу Беҳрўзи азизи мостӣ.
Дар дилам меҳри ту дорад ошён,
Равшании дидаи биностӣ.
Офаринат, гурди барнои замон,
Аз бароям беҳтарин рўъёстӣ.
Парчами Меҳан баланд афроштӣ,
Баҳри тоҷик сарвати аълостӣ.
Соҳиби ду медали тилло шудӣ,
Худ, вале боқадр аз тиллостӣ.
ҒАМ НАБИНӢ
Эҳдо ба Алишер Қаноатзода
Чароғи умри ту партавфишон бод!
Гули рўят ҳамеша бехазон бод!
Ба сад оию хонӣ тоза-тоза,
Дили пурорзуи ту ҷавон бод!
Чу булбул нағмаат рўи ҳаво шуд,
Сурудат чашмаи оби бақо шуд.
Чу шеъри Рўдакӣ дар синаи ҷоӣ,
Садоят дарди дилҳоро даво шуд.
Уреҷ бо савти ту ширин сарояд,
Ба дилҳо шодии тоза физояд.
Сурудат ёри шодию ғами мост,
Гираҳ аз қалби ғамдида кушояд.
Таманно менамоям, ғам набинӣ!
Дар ин олам ту рўи кам набинӣ!
Ҳамеша бо азизонат зиҳӣ шод,
Ғиреву нолаю мотам набинӣ!
ОРЗУ
Эҳдо ба овозхон Орзугул Хуҷамова
Дилбари нозофаринӣ, Орзу,
Маҳлиқою маҳҷабинӣ,, Орзу.
Дар дили ҳар мухлисе дорӣ мақом,
Бар назарҳо чун нигинӣ, Орзу.
Дасти гулчинат набинад рўи дард,
Баски ту нозофаринӣ, Орзу.
Обрўят раҳ барад бар Каҳкашон,
Бо ситора ҳамнишинӣ, Орзу.
2
Сино Рофиев, вазнбардори машҳури тоҷик.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё