ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
Якдилу якқарору якрў бош,
Шаҳри овозадорам, эй Кобул!
КИСТ ЗАН?
Кист зан? Сарчашмаи оби ҳаёт,
Кист зан? Ширинтар аз қанду набот.
Кист зан? Осудагии зиндагӣ,
Кист зан? Тобандагӣ, фархундагӣ.
Кист зан? Лутфи хуши Парвардигор,
Кист зан? Ҳусну навои рўзгор.
Кист зан? Яъне фаришта дар замин,
Лолаи тар, дилрабою нозанин.
Кист зан? Отифаи боэътибор,
Насли мо аз зан бимонад пойдор.
Кист зан? Ҳастии моро ибтидо,
Уқдаҳои синаро мушкилкушо.
Кист зан? Алломагонро раҳбар аст.
Кист зан? Пайғамбаронро модар аст.
Кист зан? Ганҷинаи бемунтаҳо,
Бар ҳама дарди дили мардон даво.
Зан набошад, зиндагонӣ ҳеҷ нест,
Тоҷи шоҳӣ, комронӣ ҳеҷ нест.
Зан биҳишти ҷовидони олам аст,
Зан нигаҳбони сарои Одам аст.
Кист зан? Бар мардумон тоҷи сар аст,
Дилбар асту хоҳар асту модар аст.
Кист зан? Олиҳаи азму субот,
Зиндагӣ бе зан куҷо дорад нишот?
БЕВАФОӢ КАРДЕМ
Бо модари хеш бевафоӣ кардем,
Аз олу абои худ ҷудоӣ кардем.
Ноҷуста раҳи якдилию хушбахтӣ,
Дар кўчаи худ маҳалгароӣ кардем.
Аз холаю ам рои вафо бибридем,
Аз боғи хазонгашта хазон мечидем.
Шукронаи Ваҳдат нанамудем, з-ин рў
Ҳар лаҳза ба доми макри худ печидем.
Эй дўст, биё, ки ману ту мо бишавем,
Оем ба сўи хешу якто бишавем.
Бадбинии ҳам зи сина берун ронем,
Дар дидаву қалби хештан ҷо бишавем.
Эй духти Бадахшии Зарафшонии ман,
Эй лоларухи Раштии Хатлонии ман.
Хуршедваши Ҳисору Хуҷандитабор,
Ҳастӣ ту ҳамеша дилбари ҷонии ман.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё