ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
ГИЛАИ ШОИР
Дар шаҳри Истаравшан ба кўчае, ки номи шоири ҷавонмарг
Ноил Шерзодаро дошт, номи дигар гузоштаанд.
Аз хабарҳо
Хати сурхе кашида рўи номам,
Маро гўё дубора гўр кардед.
Ба дасти хеш соғар баргирифтед,
Ки ҷадди хешро машҳур кардед.
Агар номам зи мармар пок кардед,
Ба лавҳи синаҳо бошад мақомам.
Намехоҳам ба ҷуз дил лавҳае ҳеҷ,
Зудуда кай шавад з-ин лавҳа номам.
Китобамро ба дасти хеш гиред,
Зи шеъри дилкашам як пора хонед.
Шумо, эй тирабахтони сияҳдил,
Зи доми Аҳриман худро раҳонед.
Бигуфтам шеър дар васфи маориф,
Ки то хонеду қадрамро бидонед.
Бигуфтам аз муҳаббат, аз садоқат,
Ки по берун зи инсонӣ намонед.
Ҷавон рафтам агар аз дори дунё,
Ҷавониро ба олам бахш кардам.
Ба лавҳи синаҳои пурмуҳаббат,
Яке мўҳри садоқат пахш кардам.
Аз он шодам, ки бар кас бад нагуфтам,
Бирафтам аз ҷаҳон дар лаб тарона.
Ба гўрам ламъаҳои нур резад,
Занад аз гўратон оташ забона.
ГУФТУГЎ БО ҲАМСАР
Биё, ҷони ман, шодмонӣ кунем,
Даме ёди фасли ҷавонӣ кунем.
Чу дунё бувад сусту нопойдор,
Ба дил ҷо насозем гарди ғубор.
Биё, ҷони ман, чеҳра хандон бикун,
Даво қалби зори муҳибон бикун.
Фидои ту кардам ҳама рўзгор,
Макун чун ҷавонӣ зи пешам фирор.
Биё, ҷони ман, чеҳра хандон кунем,
Таҳамтансифат рў ба майдон кунем.
Ба барқи ҳавас ҳарду ҷавлон занем,
Қадам сўи хуршеди тобон занем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё