ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
Биё, ҷони ман, қисса оғоз кун,
Ба сўи мани хаста парвоз кун.
Аламҳои дил то мудово шаванд,
Ду дил хештанро пазиро шаванд.
Биё, ҷони ман, ёди ҷангат кунам,
Ба ҳарфи муҳаббат гарангат кунам.
Агар қаҳриӣ, кун ба ман оштӣ,
Замоне зибас дўстам доштӣ.
Биё, ҷони ман, ман ғуломи туям,
Ба ёди хушии паёми туям.
Агар дорӣ бар ман ту ҳам эҳтиром,
Ба дил шодӣ бахшо ба лафзи салом.
Биё, ҷони ман, фикри рафтан макун,
Рухи хеш азми нуҳуфтан макун.
Агар моҳӣ гардӣ, равӣ сўи об,
Шавам бар висоли ту ман комёб.
Биё, ҷони ман, ганҷи конам туӣ,
Мадори дили нотавонам туӣ.
Надорад дилам бе ту рўзе қарор,
Манам нахли хушку туӣ навбаҳор.
Биё, ҷони ман, зиндагиро нигар,
Ҷаҳон бевафою ду тан раҳгузар.
Яке рўз ҳарду аз он бигзарем,
Раҳи рафтаи хештан нангарем.
Биё, ҷони ман, аз манат ёд кун,
Бинои тарабро ту обод кун.
Фараҳманду хушҳолу хушнуд бош,
Чу ахтар ба шабҳои ман шўъла пош.
Биё, ҷони ман, ёди рўят кунам,
Гули ман ту ҳастию бўят кунам.
Набошӣ, нагирам ба олам нафас,
Ба ҷуз ту надорам ба чизе ҳавас.
Биё, ҷони ман, кўдаконро нигар,
Ҷаҳонро ба чашмам намоянд дигар.
Диҳанд баъди мо зиндагиро давом,
Сухан гашт кўтоҳ, дигар вассалом.
САБРИНА
Сабрина, гули гаронбаҳоӣ,
Афсўс, ки аз барам ҷудоӣ.
Дар ёди ту сўхтам, валекин
Аз кибр ба пурсишам наоӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё