Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ҲАСРАТИ МОДАР
Аз забони модаре, ки бист сол боз роҳи
фарзанди ягонаи муҳоҷирашро мепояд

Куҷо рафтӣ гули боғи баҳорам?
Ба роҳи ту шабу рўз интизорам.
Ба ёдат солу моҳам рафт аз ёд,
Дигар парвои ин олам надорам.

Занат рафтию аз хона бурун шуд,
Дили бечораам аз ғусса хун шуд.
Ҷигарбанди азизи ман, куҷоӣ?
Ғамам дар сина кам нею фузун шуд.

Ба тақдири бадам тан додам охир,
Ду фарзанди туро зан додам охир,
Ба фарзандони ту аз ноилоҷӣ,
Гаҳе шуд нони арзан додам охир.

Фақат номи ту бошад дар забонам,
Фалак то кай намояд имтиҳонам?
Надонам мурдаӣ, ё зинда ҳастӣ,
Дареғо, ҷои қабратро надонам.

Намесозам ба маргат ҳеҷ бовар,
Суроғат кардам аз ҳар кўчаю дар.
Яқин донам, ба ёди дидани ту,
Равад бар хоки тар бечора модар.

ТАМАННО
Аз забони бародараш Мирворис

Зи олам бенишон рафтӣ, Таманно,
Ба ҳасрат бо фиғон рафтӣ, Таманно.
Гули рўят насиби хоки тар шуд,
Чу дар банди хазон рафтӣ, Таманно.
Начида мева аз боғи ҷавонӣ,
Ҷавон рафтӣ, ҷавон рафтӣ, Таманно.
Шудӣ ахтар ба пеши дидаи ман,
Ба сўи осмон рафтӣ, Таманно.
Бигиряд модарам дар ёди рўят,
Аҷаб пурормон рафтӣ, Таманно.
Падар дар ҳасратат аз по фитода,
Чаро чун нотавон рафтӣ, Таманно?
Зи зистан дар замона ор кардӣ,
Ба гулбоғи ҷинон рафтӣ, Таманно.
Худо бахшад туро, эй лолаи тар,
Ба кўи ҷовидон рафтӣ, Таманно.

АЗ ДАФТАРИ ҲАҶВ

пешина
аз 103
навбатӣ