Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ДАР МАДҲ

Нокасию пулпарастӣ, зинда бош!
Риштаи ёрӣ гусастӣ, зинда бош!
Эй тиҳиандешаи ноошно,
Аблаҳӣ, аз кибр мастӣ, зинда бош!
Соли ту бигзашт аз ҳафтоду лек
Сахт дар курсӣ нишастӣ, зинда бош!
Дўстат донистаму кардам хато,
Лухтаки болои дастӣ, зинда бош!
Хуб шуд, симои худ додӣ нишон,
Шишаи паймон шикастӣ, зинда бош!
Хешро арзон баҳо кардӣ, дареғ,
Дар хушомад пешдастӣ, зинда бош!
Баъди ин донам туро шуму касиф,
Аз бароям мурда ҳастӣ, зинда бош!
Мадҳи ту ин сон ба поён мебарам,
Гарчи ноаҳлию пастӣ, зинда бош!

ДИССЕРНЕТ
Аз забони олими сохта

Қадамҳо мондаӣ ноҷо диссернет,
Маро кардӣ ба зери по диссернет.
Дилам мехост то чанде бигардам,
Ба олам бо сари боло, диссернет.
Ба мактабхона, гар дарсе нахондам,
Вале нохондаам доно, диссернет.
Ҳунар пиндоштам ман дуздии хеш,
Ту кардӣ розро ифшо, диссернет.
Дилам мехост, то мансаб бигирам,
Раҳи худро шавам пўё, диссернет.
Вакили халқ бошам бошам бо таманно,
Шавам ғолиб ба ҳар савдо, диссернет.
Илова бар вазифа пул гирифтам,
Чӣ созам, гар кунанд даъво диссернет?
Ба докторӣ надодӣ роҳам имрўз,
Сиришкам гашт чун дарё, диссернет.
Намебахшам, намебахшам, гуноҳат,
Мани шўридаи шайдо, диссернет.
Таманно доштам аз илми олӣ,
Чаро кардӣ маро расво диссернет?

ЭЙ ХАБИС
Барои дўстнамоёни душманманиш

Бар дарат дигар наоям, эй хабис!
Хубие аз ту напоям, эй хабис!
Баски дар тўҳмат надорӣ устухон,
Дар гулў монад садоям, эй хабис!

пешина
аз 103
навбатӣ