ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
Зи Кўлобам, ба Теҳрон хона дорам,
Ба Кобул дилбари фарзона дорам.
Бухороям, Самарқандам, Хуҷандам,
Ман анқоям, ба ҳар ҷо лона дорам.
Зи Халонам, зи Сухи бостонам,
Ба сина ёд аз Рухшона дорам.
Зи Хоруғам, зи Файзободу Раштам,
Ба Кошон бебаҳо кошона дорам.
Муриди хомаи Фирдавсиям ман,
Ҳақиқатнома дар афсона дорам.
Ба рафтору ба гуфтору ба пиндор,
Ҳазорон неъмати шоҳона дорам.
Дилам маҳви хушиҳои Ҳирот аст,
Ба Кашғар ҷону ҳам ҷонона дорам.
Баландам аз баландии Бадахшон,
Ба Марву Чорҷў дурдона дорам.
Хушам, ки тоҷикам, тоҷикзабонам,
Ғами миллат ба рўи шона дорам.
ГИРЁН ШУДААМ
Ғам ба ғамхона фиристодаму гирён шудаам,
Ҷон ба ҷонона супорида пушаймон шудаам.
Синаамро нанамуд гарм ба Айман рафтам,
Дар сари ҷодаи андеша ҳаросон шудаам.
То расидам ба Сарандеб, зи худ ворастам,
Ҳур бигзоштаму ошиқи инсон шудаам,
Аз ҳарими талаби ёр аҷаб дур шудам,
Каъба меҷустаму бар буткада меҳмон шудаам.
Дар сарои дили ман дўст. чу кошона надошт,
Ғайрро дар гузари ҳирс санохон шудаам.
Зари худро ба миси ғайр баҳо бинмудам,
Аз хатобинии худ бин, ки чи арзон шудаам.
Ҷони ман, баски ту аз ҷони азиз болоӣ,
Ҷон ба ту додаму андар талаби ҷон шудаам.
АЗ СОЯЮ СОЯБОН ДИЛАМ МОНД
Илҳом аз шеъри Саид Ризо
Аз макру фани ҷаҳон дилам монд,
Аз мардуми ҳамзамон дилам монд.
Аз ёри куҳан бурида будам,
Аз маъшуқаи ҷавон дилам монд.
Аз ман ту мапурс, сорбоно,
Азбаски зи корвон дилам монд.
Дар мурдаи нокасон бигирянд,
Аз навҳаву аз фиғон дилам монд.
Дилдодаи шеъри ноб будам,
Аз шеъру зи достон дилам монд.
Булбул ба чаман намесарояд,
Аз гулбуни бўстон дилам монд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё