ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
Гулбарги маро намуд тороҷ,
Аз омадани хазон дилам монд.
Пире нагирифт дасти моро,
Аз сояю соябон дилам монд.
Сарро наниҳам ба остоне,
Аз хонаю остон дилам монд.
Аз ном чӣ суд баъди мурдан?
Аз шўҳрати ҷовидон дилам монд.
Модарбахато фузуд дар даҳр,
Аз модари қаҳрамон дилам монд.
Пайроҳаи худ наҷуст ошиқ,
Аз ошиқи нотавон дилам монд.
Аз хайли гадо пур аст кўча,
Аз гавҳари нақди кон дилам монд
Ҷон тарки мани ғариб созад,
Аз маҳфили гарми ҷон дилам монд.
Савдоии даҳри пурхатоям,
Аз суди хушу зиён дилам монд.
Тифли тарабам ба нимараҳ мурд,
Аз касрати осмон дилам монд.
Бо кибр гузашт моҳам аз сар,
Аз ахтари нурфишон дилам монд.
Дар синаи ман бас ормон буд,
Ин лаҳза зи ормон дилам монд.
Чун об бирафт обрўям,
Аз обу ҳавою нон дилам монд.
Бемеҳрии чарх зад ба хокам,
Аз ахтари наҳси он дилам монд.
ДАРЕҒ
Аз фиреби зиндагонӣ сахт ранҷидам, дареғ,
Аз худу ёрони нонӣ сахт раҷидам, дареғ.
Арчи кардам хушзабонӣ дар сарои рўзгор,
Эй басо бадзабонӣ сахт раҷидам, дареғ.
Хешро пиндоштам дар ҷабҳа гоҳе қаҳрамон,
Аз набарду қаҳрамонӣ, сахт раҷидам, дареғ.
Сарбаландӣ хостам ман бар ҳама халқи ҷаҳон,
Аз тамоми меҳрубонӣ сахт раҷидам, дареғ.
Шеърро бар дарди қалби хеш донистам даво,
Вой, аз ин шеърхонӣ сахт раҷидам, дареғ.
Душманам шуд, он киро мехондам ёри қарин,
Оқибат аз ёри ҷонӣ сахт раҷидам, дареғ.
АФСОНАИ МУҲАББАТ
Бо хуни дил нависам афсонаи муҳаббат,
Берун намебарам по аз хонаи муҳаббат.
Бар олами умедам пирӣ намебиёяд,
То дасти худ нагирам аз шонаи муҳаббат.
Аз қаъри баҳри ҳастӣ бар каф ҳамебиёрам,
Эй ошиқони олам, дурдонаи муҳаббат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё