Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Эй офтоби қисматам, эй бўстони ҳикматам,
Маҳбуби дилдарёи ман, рўзат ба хайр, шомат ба хайр!
Эй чашмаи айшу тараб, ҳастӣ ба ҳастиям сабаб,
Эй бода, эй саҳбои ман, рўзат ба хайр, шомат ба хайр!
Бе ту тани таҳостам, мўре ба зери постам,
Маъшуқаи барнои ман, рўзат ба хайр, шомат ба хайр!
Гар гирамат андар канор, шодии дил гардад қатор,
Имрўзи ман, фардои ман, рўзат ба хайр, шомат ба хайр!
Нахли умеди ман тўӣ, шодию иди ман туӣ,
Эй хаста аз савдои ман, рўзат ба хайр, шомат ба хайр!
Ширинзабони мушфиқам, бар ишқи покат лоиқам,
Нури хуши маъвои ман, рўзат ба хайр, шомат ба хайр!
Аз банди ғам озод бош, ёри азизам шод бош,
Пинҳони ман, пайдои ман, рўзат ба хайр, шомат ба хайр!

ХОБАМ НАБУРД

Бе ту, эй ширинзабон, хобам набурд,
Бе ту, эй ганҷи равон, хобам набурд.
Будаӣ нури дили бемори ман,
Бе ту, эй ҷону ҷаҳон, хобам набурд.
Кош мебудӣ маро андар канор,
Зикри номат дар забон, хобам набурд.
Чун нагаштӣ марҳами асрори ман,
Ҳури гулбоғи ҷинон, хобам набурд.
Аз карам рўзе напурсӣ ҳоли ман,
Бе ту, эй сарви равон, хобам набурд.
Баъди ин дар ёди ту гирам нафас,
Ёри ширинтар зи ҷон, хобам набурд.

НООШНОИ МАН

Субҳат ба хайр, дилбари ширинлиқои ман,
Субҳат ба хайр, маҳваши ноошнои ман.
Имшаб зи дарди ишқ даме ҳам нахуфтаам,
Субҳат ба хайр, дарди ману ҳам давои ман.
Донӣ, ки бе ту ман дигар худ зинда нестам,
Субҳат ба хайр, нури ман, мушкилкушои ман.

ЭЙ ХУШЛИҚОИ МАН

Ҷонам фидои ту, эй хушлиқои ман!
Дил мубталои ту, эй хушлиқои ман!
Бар ҳар куҷо равам, бар гўши ҷони ман,
Ояд садои ту, эй хушлиқои ман!
Бар ҷони дардманд, ояд фараҳ мудом
Аз хандаҳои ту, эй хушлиқои ман!
Гар лоиқат наям, ман ошиқи туям,
Чун бебаҳои ту, эй хушлиқои ман!
Аз дар маро марон, бар сўи худ бихон,
Дар дида ҷои ту, эй хушлиқои ман!

пешина
аз 103
навбатӣ