Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар панҷаи дард, гар асирем,
Дар гўшаи ғам наменишинем.
Моему муҳаббати Илоҳӣ,
Пайванд чу дасту остинем.
Дар ошиқӣ устувор ҳастем,
Ҷуз ишқ раҳе намегузинем.
Гар шодӣ набахшидӣ ба дилҳо,
Ғам нест, ки бо ғамат қаринем.

ЧӢ КУНАМ?

Нури ман, бе ту саропо ба фиғонам, чӣ кунам?
Номи ту ҳаст фақат вирди забонам, чӣ кунам?
Уқдаи мушкили қалбам накушояд нохун,
Дар раҳи омадани ту нигаронам, чӣ кунам?
Рўи ту сер надидам, зи алам мегирям,
Гўй бо ин ҳама асрори ниҳонам, чӣ кунам?
Изтироболудаам дар ғаму армони висол,
Сарнавишти дили бемор надонам, чӣ кунам?
Нозанино, зи мани сўхтадил боре пурс,
То абад дар ҳавасат сўхтаҷонам, чӣ кунам?
Имтиёзе надиҳӣ бар мани армонии худ,
Бўсае аз лаби лаълат наситонам, чӣ кунам?
Сабаби омадани ман ба ҷаҳон ишқи ту буд,
Оташи сина зи лутфат нанишонам, чӣ кунам?
Омаданҳои тую рафтани ман ҳарду якест,
Бехабар аз худу аз кавну маконам, чӣ кунам?

АЗИЗИ МАН

Субҳ ба хайр, азизи ман, бе ту дилам кабоб шуд,
Ой ба пурсиши дилам, ҳоли дилам хароб шуд.
Нури ману умеди ман, шодии рўзи иди ман,
Дар ҳаваси висоли ту қалб ба сина об шуд.
Рафтӣ зи пеши дидаам, эй маҳи шоми тори ман,
Ҳосили зиндагии ман ҳасрату изтироб шуд.
Умри азизи ман гузашт дар талаби хушии ту,
Умри рақиби бадманиш сарфаи хўрду хоб шуд.
Нури умеди қалби ман гар зи ту ҷуст офтоб,
Чун ба раҳи хато нарафт, ҳамдами офтоб шуд.
Мужда баред ошиқон бар ҳама аҳли дил зи ман,
Дил ба хато қадам заду маҳруми фатҳу боб шуд.
Кай барадам хаёли ту бар дари хонаи умед?
Ин дили ноумеди ман ҳамнафаси сароб шуд.

АЗ ДАФТАРИ МУХАММАС

КУҶОӢ
Мухаммас бар ғазали Аттор

Ба дашти ғам шудам ҳайрон, куҷоӣ?
Накардӣ мушкилам осон, куҷоӣ?

пешина
аз 103
навбатӣ