Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Он ҷафоҷў гўши қалби хешро накшид ҳеҷ,
Хотири худро наозурд, хотири мо дид ҳеҷ?
Рўзу шаб бар ҳоли дил он бевафо хандид, ҳеҷ,
«Ишқи саркаш панди ёру дўстро нашнид ҳеҷ,
Мустаҳиққи таънаи ағёр гаштам ноилоҷ».

Гарчи аз номаш намудам байни мардум ифтихор,
Гарчи дар роҳаш нишастам рўзу шаб дар интизор,
Гарчи андар аҳди худ будам ҳамеша пойдор,
«Не зару не зўрию не зориям омад ба кор,
Бе зару бе зўрию бе зор гаштам ноилоҷ».

Дар замири орзуям ҷуз парешонӣ намонд,
Аз раҳи биспардаи ман ҷуз пушаймонӣ намонд,
Гулшукуфти шодию даври санохонӣ намонд,
«Дар мусалмонон чу бўе аз мусалмонӣ намонд,
Ошнои фирқаи куффор гаштам ноилоҷ».

Ҳар куҷое по ниҳодам сабзаи ҳасрат дамид,
Дасти уммедам ба олам як гули рангин начид,
Риштаи умри маро миқрози навмедӣ бурид,
«Арзи ман иззи қабуле з-он гули раъно надид,
Пеши аҳли ишқ, Айнӣ, хор гаштам ноилоҷ».

ШОДИИ ДИЛ
Мухаммас бар ғазали Боқӣ Раҳимзода

Ҳайрон кунӣ бо ҳусни хушат моҳи саморо,
Орӣ ба дили аҳли назар сидқу сафоро,
Сероб кунӣ чашмаи зебои бақоро,
«Ин шодии дил аз рухи зебои ту, ёро!
Шуд роҳати ҷон нозу таманнои ту моро.»

З-абрўи ҳилоли ту сурурест ба сина,
В-аз боб камоли ту сурурест ба сина,
Аз нуктаи холи ту сурурест ба сина,
«Аз шавқи хаёли ту сурурест ба сина,
Кай бе ту равам сайри Самарқанду Бухоро?!»

Бе сунбули мўят набарад дил рухи сунбул,
Дар сина бувад аз рухи зебои ту ғулғул,
Дар боғи вафо нағмасаро тутию булбул,
«Бе гулшани рўят накунам ёди рухи гул,
Аз софии ҳусни ту чаман гашт дилоро.»

Берун наравам як сари мў ман зи хаёлат,
Андеша кунам аз туву аз боғи висолат,
Гул мекунад аз шодӣ басо ҳусну ҷамолат,
«Бо ҳусни ту ҳамранг шуда фазлу камолат,
Омехта чун ширу шакар гашт гуворо.»

пешина
аз 103
навбатӣ