Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дили ман хаста аз бишнидани ҳарфи каси лофист,
Каломи ҷонфизои Саъдию Ҳофиз ба ман кофист,
Мукаррам пеши ман ҳар чеҳрае бо фарри дилсофист,
«Чи суд аз он суханбофӣ, ки бадтар аз кафанбофист,
Нишин дар гўшаи дуккону солорӣ макун бо ман.»

Маро бо хештан дар ҷодаи ҳастӣ макун тимсол,
Ба пиндору ба кирдорат макун касро парешонҳол,
Намо парвоз бо боли худу аз кашфи худ мебол,
«Зи ҷўи кандаи ман об хурдӣ солҳои сол,
Агар безори худ гардидӣ, безорӣ макун бо ман.»

Раҳи одамгарӣ бигзину дар ин роҳ одат кун,
Қадам бардор сўи якдилӣ, бо халқ ваҳдат кун,
Пазиро бош ёронро, ба аҳли дил мурувват кун,
«Ало, эй дўсти душманнасақ, боре фаросат кун,
Мададгорӣ наметонӣ, халалгорӣ макун бо ман.»

ДУР АФТОДАЕМ
Мухаммас бар ғазали зебои Лоиқ Шералӣ

Дар тариқи зиндагонӣ носабур афтодаем,
Бо такаббур дар раҳи фисқу фуҷур афтодаем,
Дар биёбони талаб то аз сутур афтодаем,
«Мо зи асли хештан азбакси дур афтодаем,
Раста аз гўре, дигарбора ба гўр афтодаем.»

Доштем мо аз азал дар зиндагӣ дасти кушод,
Халқи олам дошт бар мо меҳру ишқу эътиқод,
Дур будем аз такаббур, дур будем аз фасод,
«Рўи хотирбиниву меҳмоннавозимон чӣ дод?
Дода бас нону намак, бо бахти шўр афтодаем.»

Зиндагӣ бо бозиҳояш пушти кори мо шикаст,
Давлати моро гирифту дод бар кўчии паст,
Сайд гардидему сайди мо зи доми мо бираст,
«Кўрботин шамъи роҳу кўрдил машъал ба даст,
Ё ба рўи ин замин мо ҷумла кўр афтодаем.»

Баҳри бар қулла расидан мо наҷустем ҷодае,
Пеши рўи худ накардем во дари накшодае,
Маҳви худ будему маҳви ҳусни ёри содае,
«Пешвомон буд азбас пешипоуфтодае,
Мо ҳам андар чола бефахру ғурур афтодаем.»

Ғурриши мо буд ҳамчун ғурриши бабри ситабр,
Зиндагиро пеш мебурдем мо бо номи сабр,
Тухми райҳон пош медодем бар болои қабр,
«Мурдаҳомон зери қабру зиндаҳомон зери ҷабр,
Ё магар ҳампаҳлуи аҳли қубур афтодаем?»

пешина
аз 103
навбатӣ