ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
Дод моро неъмати хеле бузург,
Мепарам дар рўи боли бисту панҷ.
Ташнагиро бишкан, эй Меҳанпараст,
Бо кафи оби зулоли бисту панҷ.
Оварад бори саодат баҳри мо,
Шоха-шоха ҳар ниҳоли бисту панҷ.
Тоҷикистонам аҷаб обод гашт,
Даррасид чун бар камоли бисту панҷ.
Тўй дорад Қасри Сулҳу Оштӣ,
Қасри амну безаволи бисту панҷ.
Бар сари сарчашмаи Оби Ҳаёт,
Рафтаем бо хатту холи бисту панҷ.
Парчами худро баланд афрохтем,
Бо дили пур з-эътидоли бисту панҷ.
Коми моро мекунад ширин аҷаб,
Луқмаи нуқлу наволи бисту панҷ.
Мешавад афзун дар ин маъвои нур,
Рўзҳою моҳу соли бисту панҷ.
Бигзарад аз ҷодаи садсолаҳо,
Кас набинад қилу қоли бисту панҷ.
ДАР АМОН БОШӢ
Эҳдо ба Комроншоҳи Устопириён
Комроншоҳӣ, комрон бошӣ!
Шодкомию шодмон бошӣ!
Шавам аз комёбиат хурсанд,
Хоҳам аз ҷон, ки дар амон бошӣ!
Зари холис наҷўям аз олам,
Рўди пурҷуди Зарфишон бошӣ!
Кас нагўяд туро зи Ланглифӣ,
Суғдиию зи Хуталон бошӣ!
Мебарӣ номи мо ба гардунҳо,
Ахтари саъди осмон бошӣ!
Парчами мо баланд афрозӣ,
Рустозоди қаҳрамон бошӣ!
Бо дуо аз Худо ҳамехоҳам,
То азизи ҳама ҷаҳон бошӣ!
То ба садсолагӣ нагардӣ пир,
Чун абармарди паҳлавон бошӣ!
БАРТАР АЗ СИМУ ЗАРӢ
Эҳдо ба мушовири адлияи дараҷаи
аввал Авазҷон Назарзода

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё