Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Офаринат, менамоӣ бар адолат доварӣ,
Мекунӣ бо дод оҳанги тамаддунофарӣ.
Аз забонат шаҳд меборад ба ҳангоми сухан,
Андуҳи ғамдидагонро зуд берун мебарӣ.
Аз замин бардорӣ ҷисми музтару афтодаро,
Камбағалро даст мегирию хуш мепарварӣ.
Эҳтиромат менамоям то замоне зиндаам,
Мурғи бе болу пареро дар замон болу парӣ.
Месазад созам бароят ҳар нафас арзи сипос,
Дар саховат офтобӣ, дар назокат ахтарӣ.
Пос медорӣ ҳамеша ҳурмати мўи сафед,
Нек санҷидам, ту марди заршиносу заргарӣ.
Руҳи покону бузургон бод доим ёварат,
Бартар аз дунёи ганҷӣ, бартар аз симу зарӣ.
Афканӣ бар хок Заҳҳоки палиду морҳош,
Дар дифои амри қонун Коваи оҳангарӣ.
Аз рухи ту нур мерезад, ҳамеша шод бош,
Бар сахою ҷуди ту пайдо намудам боварӣ.

БИСЁР МЕҲРУБОНӢ

Аз гулшани сахоӣ, аз кўи меҳрубонӣ,
Вирди забони ман бод номи ту ҷовидонӣ.
Аз рўи нурборат ҳар лаҳза нур резад,
Зеби ҳаёти ту бод, нерўи навҷавонӣ.
Ҷоми ту бод доим аз бодаи тараб пур,
Ояд ба гирди кўят ҳар лаҳза шодмонӣ.
Наврўзи ту хуҷаста бодо, дуоям ин аст:
Нозат расад бар афлок чун моҳи осмонӣ.
Аз ҳар барори корат болидахотирам ман,
Зеро барои ман ту ҳам ҷону ҳам ҷаҳонӣ.
Аз ҳар ҳуруфи некат шаҳду асал бирезад,
Роҳи ту бод пургул, эй асли комронӣ.
Зебад бароят умре ин курсии ҳақиқат,
Олист азму роят, касро зи ғам раҳонӣ.
Дар хизмати халоиқ монӣ қадам шабу рўз,
Арзандаӣ ба тавсиф, азбаски қаҳрамонӣ.

БЕҲАМТОСТӢ

Эҳдо ба ҷаҳонпаҳлавон Муҳаммадалӣ Мирзоеви
панҷакентӣ, ки дар як мусобиқаи вазнбардорӣ дар шаҳри
Маскав соҳиби ду медали тилло ва як нуқра гардид

Паҳлавони хубу беҳамтостӣ,
Дар дилу дар дидаи мо ҷостӣ.
Гурзи Рустам ин замон дар дасти туст,
Аз Худо ҳоло ба мо савғостӣ.

пешина
аз 103
навбатӣ