ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
«Хостам ман аз Худо як бори дигар диданат,
Ҳарфи дил бишнидану нозидану хандиданат».
Уқдаи дил сад гиреҳ асту туӣ мушкилкушо,
Бо гули рўи ту гаштам дар гулистон ошно,
Баъди ин ҳаргиз нагардам аз гули рўят ҷудо,
«Омадӣ бар дидаам шукрона дорам бар Худо,
Умри андармони ман шуд нуктаи санҷиданат».
Рўзгоре шуд, ки гўё соҳиби бахтам, вале
Дар гулистони вафо ман соҳиби тахтам, вале
Чун нашуд ҳосил муродам мекашам рахтам, вале
«Сўзи дил сокит нашуд, ҳарчанд хушбахтам, вале
Сўзи дил хотирае аз аввалин гунҷиданат».
Ҷон ба ман бахшидию бар рўи дорам кардаӣ,
Рўи худ бинмуда андар қаъри норам кардаӣ,
Шоми дилгир асту тирарўзгорам кардаӣ,
«Ихтиёрам додию беихтиёрам кардаӣ,
Нолаҳои бесадоям аз ғами нозиданат».
Офтоби бахтро боре ту бинмо ҳиссаам,
Дар самои ишқ бо Маҷнуни ғам ҳамқиссаам,
Ҷуз вафо чизе нагунҷад дар даруни киссаам,
«Як ба як иншо кунам, охир надорад қиссаам,
Илтиҷо медорам аз Ҳақ тансиҳат гардиданат».
Ноумедам кардааст ҷурми дилу сабри фалак,
Меканам бо хастагӣ қабри худу қабри фалак,
Бар сарам борад тагарги сард аз абри фалак,
«То ба дидан хайрбодам кардӣ аз ҷабри фалак,
Ёдгорӣ монд дар дил ишқи ман варзиданат».
ЛОЛАҲОИ ҲОЛАНДӢ
Мухаммас бар ғазали Толиби Луқмон
Насиби ту гардад ҳама фараҳмандӣ,
Расидаам ба канорат ба орзумандӣ,
Ту ҷони манӣ, мўнисию дилбандӣ,
«Ба тоҷиконатарин шева чун ту механдӣ,
Хиҷил шаванд ҳама лолаҳои ҳоландӣ.»
Зи пеши дида чу бо тарзи хос бигзаштӣ,
Ба нозу ишваи дилҷў, сипос бигзаштӣ,
Зи таъни беадабон беҳарос бигзаштӣ,
«Дилам шуд об, чу оташлибос бигзаштӣ,
Зи кўчабоғ, ба раҳ пош дода хурсандӣ.»
Манам асир ба мўят, нигори атласпўш,
Ғуломи ҳусни накўят, нигори атласпўш,
Ду чашми ташна ба сўят, нигори атласпўш,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё