Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

«Шукуфта шарм ба рўят, нигори атласпўш,
Ту арғувонитаринӣ,баҳормонандӣ.»

Аё шукуфаи гулбоғи меҳру озодӣ,
Кашӣ ту қалби маро ҳар нафас ба ободӣ,
Биёварӣ бар мулки сина олами шодӣ,
«Ту ҳамсулолаи ҳар лолаи чаманзодӣ,
Ту бо дарахту гулу об рўҳпайвандӣ.»

Набуд тавъами ту сарв дар дили гулшан,
Ҷаҳони бе ту ба ман нест қадри як арзан,
Туи ба олами имкон барои ман ҷавшан,
«Равад канори ту ҳар сўй гушначашмии ман,
Ки рўи туст чунон кулчаи самарқандӣ».

Гиреҳи қалби маро гулрухон набикшоянд,
Сарои хотири ошиқ ба гул наороянд,
Ба нозу ишваи ширин дилам набирбоянд,
«Ба чашми ман ҳама садрўву пурмуаммоянд,
Фақат туӣ, ки чунин содарўву бефандӣ.»

Замон зи офати олам туро панаҳ дорад,
Ҳаёти хуррами ту пур-пури фараҳ дорад,
Ба қомати чун сарву рўи маҳ дорад,
«Худо зи хори ду чашми касон нигаҳ дорад,
Туро, ки тозагул аз гулшани худовандӣ.»

МЕХЎРАД
Мухаммас бар ғазали Саидалӣ Саид

Заҳролуда ба ташнагӣ тарёк мехўрад,
Оташ вуҷуди ҳар хасу хошок мехўрад,
Ришватшиор як ба як амлок мехўрад
«Ҳайфи касе, ки луқмаи нопок мехўрад,
Нони даҳони кўдаки ғамнок мехўрад».

Донад, агарчи мешавад як рўз бенишон,
Ҳарфи вафо наоварад як умр бар забон,
Бошад ҳамеша дар раҳи ноодамӣ равон,
«Заҳри даҳон шавад зи даҳонаш ба мағзи ҷон,
Оне, ки пора-пора дили чок мехўрад».

Бар кўчаи мурод набарад раҳ ситамгаре,
Суде набинад аз ҳама амволу афсаре,
Бо худ барад зи олами дун дидаи таре,
«Ҳар кас ба ноҳақӣ бикашад теғ бар саре,
Барқи аҷал зи пардаи афлок мехўрад».

Андеша кун, ки дар ҷаҳон бас синачок ҳаст,
Аз теғи зулм ҳар нафас зоре ҳалок ҳаст,
Ин луқмаро махўр, ки бас шубҳанок ҳаст,

пешина
аз 103
навбатӣ