ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
Сари ман, сарвари ман, модари ман,
Нишону ту манам, монам нишона.
Бинои ҳастиям бе мутакко буд,
Гули шодӣ зи гулгаштам ҷудо буд.
Замоне дўстонам ёд оранд,
Ки шоир ростқавлу порсо буд.
Гирифторам ба аҷзу нотавонӣ,
Дилам сард аст аз ин зиндагонӣ.
Ба лабҳоям бувад нақши табассум,
Агарчанде надидам комронӣ.
Дари хушбахтӣ бар рўям бубастанд,
Ба санги кина қалбамро шикастанд.
Маро куштанд бо таҳқиру афсўс,
Кунун ором дар хона нишастанд.
Паём ояд зи номи дўстонам,
Кушоям, ё набикшоям, надонам.
Ҳаметарсам, ки аз во кардани он,
Ба банди ҳалқаи вирус намонам.
Ба пирӣ омадам роҳат надида,
Димоғам накҳати хуш ношамида.
Дареғо, дасти гулчинам, дареғо,
Гуле аз гулшани армон начида.
Гули ман хайру эҳсонат муборак!
Чароғи бахти тобонат муборак!
Шудам қурбонии чашми базебат,
Иди зебои Қурбонат муборак!
Муборак аз бароят Иди Азҳо,
Бароят мекунам аз Ҳақ таманно:
Набошӣ дар ғами дорую дармон,
Ту бошӣ солиму зўру тавоно.
Нигоҳе сўи ту дилбар накардам.
Ба роҳат барги гул пар-пар накардам,
Зи чашмонат шарар мерехт, аммо
Ба меҳри қалби ту бовар накардам.
Чу сабза дар сари роҳат, азизам,
Нарўидам, нарўидам, дареғо.
Гуле аз чеҳраи зебоят, эй шўх,
Набўидам, набўидам, дареғо.
Варақро дур зи худ афканданиям,
Қаламро дар кафам бишкастаниям.
Надорам тоқати бо хеш будан,
Зи даҳру бухли он ворастаниям.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё