ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
Қалам гуфто, ки ман мили камонам,
Қаламкашро ба мурдан мерасонам.
Зи хоки қабри устоди қаламкаш,
Гули ҳасрат ба боғи ғам дамонам.
Қалам, аз доми хунинат нарастам,
Ба шодӣ даста- даста гул набастам.
Ба уммеди ту будам шасту се сол,
Вале мушти каҳе н-омад ба дастам.
Қалам, як пораи нонат надидам,
Дар олам лутфу эҳсонат надидам.
Басо озурдӣ қалби хастаамро,
Ғамам додию дармонат надидам.
Ба ҷайби хештан як тин надорам,
Ба зери пои худ мошин надорам.
Бароям даступо додаст,сад шукр,
Агарчи тавсани хушзин надорам.
Шаби ялдою ёри ман наёяд,
Ғаму дарди маро ҳар дам физояд.
Нишастам то саҳар бедор имшаб,
Ба ман шояд дари дилро кушояд.
Ба боғи мо дигар анҷир нарўяд,
Зи насли мо ба фардо пир нарўяд.
Чу рафтанд Лоиқу Бозору Мўъмин,
Зи хоки мо дигар шоир нарўяд,
Шаби ялдо расид, эй сарвқомат,
Маро кардӣ ба бесабрӣ маломат.
Қиёмат кардӣ барпо дар сари ман,
Наметарсам зи бозори қиёмат.
Биё, дар ишқи ту ҷон медиҳам ман,
Напурс аз нарх, арзон медиҳам ман.
Агар рўзе расам бар пойбўсат,
Ҳазорон ҷон ба қурбон медиҳам ман.
Ба зорӣ дасти ҳар нокас нагирам,
Бимирам, луқмаи каргас нагирам.
Манам шаҳбоз, аз ҳар зоғ ҳаргиз,
Барои лонаи худ хас нагирам.
Ту аҳволи мани бечора донӣ,
Кунад зистан барои ман гаронӣ.
Саволамро, Худоё, посухе деҳ,
Бигў, ҷони маро кай меситонӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё