ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
Ба ҷисми хаста дармонам ту бошӣ,
Ба шабҳо моҳи тобонам ту бошӣ.
Дилам хоҳад, ки бўсам аз лабонат.
Гуле дар гулшани ҷонам ту бошӣ.
РУБОӢ ВА ҚИТЪАҲО
Ватани дигарон надорад суд,
Ватане беҳ зи Тоҷикистон нест.
Санги он зеби марқадам гардад,
Дар дилам ҳеҷ дигар армон нест.
Гулу Тилло ду тан ёрони моянд,
Ба ҷонам, сад қасам, ки бебаҳоянд.
Дуоям, ин ки доим зинда бошанд,
Қаринам ҳамчу обанду ҳавоянд.
Ҳаққо, падарам чу гулшани маънавӣ буд,
Донандаи асрори хуши «Маснавӣ» буд.
Бо ақли расои хеш дилро мебурд,
Бо Саъдию бо Ҳофизу бо Мавлавӣ буд.
Дўстонам, рўзатон пур аз фараҳ бод!
Шоми зебои шумо равшан зи маҳ бод!
Ҳар даре бар рўятон бикшода бошад,
Душмани бадхоҳатон побанди чаҳ бод!
Зиндагӣ кардан дар ин олам хатост,
Ин макони куҳнаи пурмоҷарост.
Рўи номат хати бутлон мекашад,
Бар ҳавохоҳони худ ноошност.
Модари меҳрубони ман рафтӣ,
Монд рўйи хуби ту дар хотир.
Ҷои ту бод сабзазори биҳишт,
Дарди ту ҷо наёфт дар тафсир.
Ҳар нафас як паём меояд,
Вируси бардавом меояд.
Асаби ман харобтар гардид,
Кай ба Фейсбук низом меояд?
Муҳоҷирбачаи тоҷик намирад,
Ба Руму Русу дар Белжик намирад.
Бигардон бар Ватан ўро саломат,
Ки то афтода дар мўҳлик намирад.
Дареғо, дар барам дигар падар нест,
Шудам ман муфлису кони гуҳар нест.
Насиҳатҳошро дар гўш дорам,
Вале он хушзабони боҳунар нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё