ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
Аё, эй нури оламгир, хоҳам,
Ки ҷони худ кунам рўзе фидоят.
Ту нурӣ, баҳри ман ту нури ҷонӣ,
Яке олиҳаи ширинзабонӣ.
Надидам чеҳраат арчанд, эй шўх,
Нахоҳам бе ту ҳаргиз зиндагонӣ.
Ғам андар синаам беҳад фузудӣ,
Дар ин пирӣ маро ошиқ намудӣ.
Аё, эй нури яктои дили ман,
Чӣ мешуд роҳи қалбат мекушудӣ.
Дигар ҷуз васли ту матлаб надорам,
Ба ҷуз ишқи хушат мансаб надорам.
Аё, эй нури яктои дилором,
Ба ҷуз ҳарфи вафо дар лаб надорам.
Ба рўи роҳи ту гул пош кардам,
Ба дил дар ҳар нафас пархош кардам.
Аё, эй нури зеборўи ширин,
Бароят нури дил барчош кардам.
Маро девона месозӣ, гули ман,
Ба ғам ҳамхона месозӣ, гули ман.
Ба гирди шамъи рўи нозанинат,
Дилам парвона месозӣ, гули ман.
Азизам, бе ту хоби шаб надорам,
Ба сина ҷуз ҳавои лаб надорам.
Зибаски дилнишину дилрабоӣ,
Ба ҷуз васли ту ман матлаб надорам.
Зи ҳастии ту дилшодам, эй нур!
Зи дарди зиндагӣ озодам, эй нур!
Хаёлат дар дили ман хона дорад,
Бурун ҳаргиз наӣ аз ёдам, эй нур!
Ба лутфи худ маро шайдо намудӣ,
Ба васфи худ маро гўё намудӣ.
Аё, эй нури ҳарду дидаи ман,
Маро дар роҳи ишқ пўё намудӣ.
Агар шеъре бигуям, бар ту гўям,
Агар меҳре биҷўям, аз ту ҷўям.
Агар, эй нур, бар гулшан биёям,
Гулеро бў намоям, аз ту бўям.
Шавам мамнун, гар бўсам лабатро,
Ба коми дил бубинам ғабғабатро.
Шудам ошиқ ба ту, эй нури дилкаш,
Нахоҳам ман ба ғайри матлабатро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё