Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Рўзи туву моҳу соли ту хуш,
Болои навниҳоли ту хуш.
Эй нури азизу дилписандам,
Бар ошиқи ту висоли ту хуш.

Аз нашъаи ҳастӣ маст мебояд буд,
Пайваста шикампараст мебояд буд.
Некон ба ҷаҳон надидаанд рўи вафо,
Дар ҷодаи умр паст мебояд буд.

ТАГБАЙТҲО

Ҳақиқат нест дар бозори олам,
Ҳақиқатро ба қаъри хок ёбӣ.

Ба зоҳир бошӣ як фарди мусалмон,
Вале дурӣ зи ганҷи нури имон.

Хато кардам, ки бо ту аҳд бастам,
На аҳди хеш, бал дилро шикастам...

Надидам дар ҷаҳон ёрони ҷонӣ,
Кашидам меҳнати ёрони нонӣ.

Надонӣ мисраъе аз шеъри Ҳофиз,
Ба фарҳанг хешро хонӣ муҳофиз.

Зи рўи меҳр дил бар ҳар кӣ додам,
Нагуфт ҳарфи вафою душманам шуд.

Шикастамро чу дидӣ ханда кардӣ,
Вале дилро ба ханда банда кардӣ.

Аз даҳр шаҳд ҷустам заҳраш ба коми ман рехт,
Оне, ки ёр хондам, рў тофт, душманам шуд.

Аз ту мекунам хоҳиш, эй баҳори шоиркуш,
Дар қатори устодон ин нафас маро ҳам куш.

Падар, рафтию ёдат ҳамраҳи мост,
Ба мо як умр ёди ту гуворост.

Падар хобид дар хоку ба ёдаш дидагирёнам,
Ба оби чашм дар болои қабраш лола рўёнам.

Падар, ёди ту кардам, сина хун шуд,
Зи ҳасрат сели ашки ман фузун шуд.

Бинои қабри ў обод гардон,
Худо, рўҳи падарро шод гардон.

пешина
аз 103
навбатӣ