ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
АЗ ДАФТАРИ ЛАТИФА
МАН АЗ ЗАРИФӢ ГИЛАМАНДАМ
Кўҳзоди Фатҳуллоҳ ва Синои Холиқ барои сабти барномаи «Атри сухан» оиди ҳаёт ва эҷодиёти зиндаёд Лоиқ Шералӣ ба шаҳри Панҷекат сафар мекунанд.
Ҳангоми бо мошин гузар кардан дар шаҳр чашмашон ба ман меафтад. Кўҳзод ба Сино мегўяд:
- Ҳамин Зарифӣ ҳам одамгарӣ надоштааст. Аққалан мошинро нигоҳ дошта аз ҳоламон напурсид.
ВАЪДАИ ОШ
Ҳангоми сафар ба Панҷекат шиносе дар кўча ба Синои Холиқ ва Кўҳзоди Фатҳуллоҳ дучор меояд ва мегўяд:
-Шукри Худованд, ки имрўз шумоёнро ба ман расонд. Зинҳор имрўз дар вақти хўроки нисфирўзӣ ба ҷое наравед, чунки дар соати дувоздаҳ ман шумоёнро ба оши овозадори панҷекатӣ даъват карданӣ.
Соат ба понздаҳ наздик шуду касе зангашон назад. Худи онҳо чанд бор занг заданд, вале телефони ошнояшон хомўш буд.
Ноилоҷ ба ҷониби Душанбе роҳ пеш гирифтанд. Вақте ки аз ағбаи Анзоб мегузаштанд, ошнояшон занг зад:
- Ҳамин рўз даҳ бор ба телфонҳои мобилиатон занг задам, вале ягонтоятон ҷавоб надодед. Ҳайфи ош шуд.
КИТОБ ДАР БОРДОНИ МОШИН-ДИЯ
Дар хонаи Ҳидоятуллоҳ Раҳмонӣ бо Султонмуроди Одина ва Иброҳим Наққош менишастем. Ҳамсўҳбате аз қиссаи нави Султонмурод «Парӣ» ёдовар шуд. Ман гуфтам:
-Ҳамон китоб дар куҷост?
Наққош гуфт:
- Дар бордони мошини Султонмурод-дия.
Нависанда ноилоҷ рафта бордони мошинро кушод ва барои ҳамаи нишастагон як нусхагӣ китобашро тўҳфа намуд.
ҶОИ ЗИСТ
Ба амри тасодуф дар байни як моҳ ҳашт-даҳ нафар солхўрдагони ҳамдеҳаам аз дунё гузаштанд. Рўзе ғамгин менишастам, ки Наққош ба меҳмонӣ омад. Табъи парешони маро дида гуфт:
- Чаро афсурдаҳолӣ?
Гуфтам: - Дар деҳа қариб, ки мўйсафед намонд.
Наққош гуфт: - Ғам нахўр. Ту ҳоло намемирӣ, чунки ту дар деҳа зиндагӣ намекунӣ.
ҚОИДАИ РОҲРО ВАЙРОН НАКАРДАМ
Афандиро корманди БДА таъйин менамоянд. Рўзе ронандае ба ишорачўби ў
итоат накарда гузашта меравад. Афандӣ фурсатро аз даст надода пиёда аз паси мошин медавад ва аз тарафи чап аз мошин мегузарад, вале мошинро намедорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё