Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ба ақидаи худашон бо ҳазор азоб эшонро дастгир карда ба ҳабсхона супурда буданд, то аз дасташон омадан сиёҳ карданд, хаёл доштанд, ки аз он кас халос мешаванд, бояд паронда мешуданд. Лек чи мегӯед, ки кадом як марди рус – сардори маҳбас ба эшони домулло Мирзо дӯсту бародар, эътиқодманд, «муридашон», кафил шудааст, шаҳодат додааст, сафед кардааст, ҷавоб додааст. Агар ҳамин тавр онҳо душманони ҳукуматро дастгир карда супоранду аз «боло» ҷавоб диҳанд, обрӯяшон намемонад, назди мардум беобрӯю забонкӯтоҳ мешаванд. Эшони домулло Мирзо барин бузургтарин уламо, пешвои дини Исломро монда, аз пайи дастгир кардани нимчамуллоҳо шуда наметавонанд.
Онҳо чӣ мегӯянд? «Ҳақиқат ҳаст ё нест?» гӯён ба по мехезанд. Аллакай чанде аз ҳамдеҳагони худи эшон норизоӣ карданд, ариза навишта ба идораҳои суду милисаи ноҳия даромадаанд. Дар ҳаққи эшони домулло Мирзо боз ҳамон гапҳо: домуллои зӯр, мардумро бар зидди ҳукумат мехезонад, душман. Дар идораи кумитаи ҳизбии ноҳияи Роҳатӣ боз аз пайи ба ҳабс гирифтани эшони домулло Мирзо афтоданд, ба суд, прокурор ва милисаҳо дар ин масъала фармоиш доданд, ин фармон дар давоми як-ду рӯз бояд ба ҷо оварда мешуд. Дар миёни аъзоёни ҳизб, кормандони идораҳои давлат одамони ҷонибдори эшони домулло Мирзо буданд. Якеи онҳо узви ҳизби коммунист Азизи Бой ном дошт, маҳз ӯ рӯзу соати аз нав ба ҳабс гирифта шудани он касро фаҳмида, шабона аз ноҳия ба деҳа шитофт. Эшони домулло Мирзоро пайдо намуд. Хабар расонд, таъкид кард, ки зуд бошанд, панаҳ шаванд.
Ҳамон шаби фасли баҳор эшони домулло Мирзо савори аспи самандашон боз аз ҳавлӣ баромаданд, боз рӯ ба мусофират оварданд.

пешина
аз 182
навбатӣ