Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Озоданд. Дигар касе хабар намедиҳад, гунаҳгор гуфта эшонро намеҷӯянд. «Гуноҳҳояшон»-ро шустанд. Сафед шуданд, «Коғази Сафед» дар ҷайбашон. Ҳазорҳо раҳмат ба як марди рус, ки ғами он касро хурд, бародарвор меҳрубонашон шуд. Дар дами марг сӯяшон давид, хидмат кард. Аз шунидашон ӯ ҳам фарзанди кадом асилзодаи рус будаю аз зӯромад, ба ҳукумат хидмат мекард. Худовандо, ҳар куҷо бошад, бо зану фарзандонаш зинда бошад.
Он рӯзҳои зимистон, рӯзҳои хунуки қаҳратун эшони домулло Мирзо баъди аз ҳабс озод шуданашон дар ҳавлии падарӣ, дар деҳа мезистанд, зану фарзандон аз хонаҳои хешовандон ба ҳавлиашон баргаштанд. Чароғҳои солҳо боз хомӯш шудаи хонаҳои ҳавлии дарун ба дарунашон аз нав фурӯзон шуданд, равшанӣ, овози гапзанӣ пайдо шуда дар кулбаҳои солҳо беодам мондаашон.
Шогирдони эшон аз деҳаҳои Роҳатӣ, Дуоба, Оқчакман, Оқтоқ, Меҳтарӣ ва аз Ҳисору Ғозималик ва аз бисёр шаҳру манзилҳои дур боз ба наздашон омада дарс мехонданд… Корафтодагон, ранҷурон, дуоталабон ба суроғи эшони домулло Мирзо меомаданд. Ҳавлии даруну берун серодам, сермеҳмон. Дарвозаашон кушода, даробаро, меҳмонбиёию меҳмонгузорӣ. Эшони домулло Мирзо боз шӯҳраташонро пинҳон дошта наметавонистанд. «Эшони домулло Мирзо аз ҳабс озод шудаанд», гӯён мардум ба зиёраташон меомаданд. Думи меҳмон канда намешуд, деҳаи Нилкон аз туфайли эшон ба мисли зиёратгоҳ шуда буд. Аз ин ҳол «фаъолон»-и деҳа, ҷамоа боз ба ташвиш афтода буданд. Ба идораи ҳизби коммунисти ноҳия хабар расид, ки эшони домулло Мирзо аз ҳабс озод шуда, боз ҳавлиашон ҷои рафтуомади мардумони беҳисоб, эшон боз мактаб кушодаанд, боз дарс мегуфтаанд, боз дарди сар шуда эшони домулло Мирзо, боз ташвишу таҳлука.

пешина
аз 182
навбатӣ