БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Баъзеи онҳо андаке соҳибилм ҳам буда, ҳоло боз баҳри давоми таҳсил назди эшони домулло Мирзо омада.
Деҳаи Бедак, чи тарзе зикр намудем, дар миёни куҳҳои баланд, дур аз ободиҳо ҷойгир буд. Лекин дар ҳамин ҷо ҳам эшони домулло Мирзо аз дасти сафеду сиёҳкунандаҳои ҳукумат халос наёфтанд. Қариб ҳар рӯз ба деҳа хабари атратомад (аъзоёни дастаҳо, гуруҳҳо
– отрядҳои сурхро «атрат» мегуфтанд ) паҳн мегашт.
Аз ду ҷониб ду роҳ дошт деҳаи Бедак. Яке аз болои деҳа, аз ҷониби куҳ рӯ ба нишеб, ба дара – ба деҳа, дигаре аз поёни деҳа – аз Рангонсой, ба мисли хати каҷу килеб ба дохили Бедак кашида шуда. Ҳар ду роҳ ҳам аз дуриҳо пеши назари мардуми деҳа намоён. Аз ин рӯ, аз кадом роҳе одамони ба хаёли худашон шубҳанок пайдо мешуданд, эшони домулло Мирзо огоҳ мегаштанд. Дар ин мавридҳо аз ҳар хонае мардум сӯи кулбаи домулло мешитофтанд, «омаданд, эшони домулло, панаҳ шавед, зуд бошед», хабар мерасонданд.
Баъзан атратҳо тамоми хонаҳои аҳли деҳаро кофтуков мекарданд, «эшони домулло Мирзо дар куҷо?» мепурсиданд, вале он касро намеёфтанд. Баъзе аъзоёни отряд – атратҳо аз қавми лақай буданд. Онҳо шогирдон, муридони эшони домулло Мирзо, эътиқодмандонашон.
Якеи онҳо Қувондиқ ном дошт. Дар ҳамон давр шахсияти машҳур, командири шуҷои атратҳо. Дар қаламрави маҳаллаҳои ба ном Лақай – Тоҷик шӯҳрат ёфта буд. Ана ҳамон одами машҳур, қумандони баобрӯи ҳукумат ба эшони домулло Мирзо мурид, яке аз дӯстони наздикашон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё