Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ҳодисаи нохуше дар зиндагии Қувондиқ рух дода
буд. Шиносоии эшони домулло Мирзо бо қумандони
атратҳо бо ҳамин сабаб пайдо гашт.
Дар аксари деҳаҳо аз амалҳои ношоистаи Қувондиқ
норизо буданд. Ба сари мардум «ту душмани ҳукумат,
ту бой, ту муллою эшон» гуфта рӯзҳои сиёҳ меовард.
Молу амволи мардумро ғорат мекард, пулу мол, сарват
ғун меовард, бегуноҳу бесабаб одамонро ба маҳкамаҳо
мекашид. Онҳоро мезад, истинтоқ мекард. Дар муқобили ӯ одамон ҳеҷ коре карда наметавонистанд, ҳаволааш
ба Худо мегуфтанд, дуои бад мекарданд. Мегӯянд, ки
ҳеҷ кирдори баде назди Худованд пинҳон намонда.
Одамон барои кирдорҳои бадашон, албатта ҷазо мебинанд. Шояд аз ҳамин ҷиҳатҳо буда, ки ҳамон шабу рӯз
ба сари Қувондиқ Худованд рӯзи сиёҳ овард. Худо рӯзи
ӯро ба сари бандаҳояш набиёрад.
Қувондиқ рӯзе ба бозори шаҳраки Куктош роҳӣ шудааст. Ягона фарзанди азиз – писарашро ҳам ҳамроҳ гирифтааст. Падару писар савори асп роҳ мерафтанд, писар дар қанҷиғаи падар.
Мераванд, мераванд, асп ва савораҳо монда мешаванд. Қувондиқ аспро нигоҳ медорад, пой аз ӯзангу меканад, писарашро ҳам мефарорад. Ақлашро Худо гирифтагӣ барин банди аспро ба гирди миёни писаракаш печонда, гиреҳ андохта мефармояд, ки то баргаштани ӯ
дар ҷояш нишинад, нахезад. Худаш пайи даст ба хок,
ба паси дарахте мегузарад. Аспи ҷавмаст як ҷо наистода фахос мезанад, шиҳа мекашад, беқарорӣ мекунад.
Дар ҳамин ҳангом аз паси буттае харгӯше меҷаҳад,
тирвор аз назди писарак гузашта аспро метуронад. Асп
тур хурда рӯ ба гурез меорад. Писаракро рӯ-рӯи сангу кулӯх, хору хорбуттаҳо кашола мекунад, ба осмон мебардорад, ба замин мезанад, шиҳа мекашад, медавад, қарор намегирад.

пешина
аз 182
навбатӣ