БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Қувондиқ дасту похӯрда, чи кор карданашро намедонад, аз паси асп медавад, меафтаду мехезад, пешпо мехӯрад, фарёд мезанад, дод мегӯяд. Лек бефоида. Асп ҳамоно дар давидан, рӯ ба гурез афтодан, дар ҳоли ба соҳибаш гӯш надодан. Дар дашти ба назар беохир касе ба имдодаш намерасад, Худо занад аспашро, бар падараш лаънат, дашном медиҳад, суханони қабеҳ ба забонаш меояд. Хам шуда аз замин санг меҷӯяд, бо санг ба сари асп задан мехоҳад, кому ҳалқаш хушк мешавад. Писаракаш, азизакаш, шояд ӯ тамом шуда, мурда. Вале чаро асп намеистад? Дилаш хунук намешавад. Аспро куштан лозим, вайро бояд ӯ кушад, мекушад. Камонаш ба хотир омад, аз китфаш гирифт онро. Мили камонро ба сари ин ҷонвари лаънатӣ, ба сари аспи бачакуш рост кард. Чӯт гирифт сари аспро. Садои тир, садои раъду барқмонанд даштро фаро гирифт. Асп чанд газ ба осмон рост шуду шиҳа кашид, баъд аз пой афтод, дигар наҷунбид.
Бо тарзи даҳшатвор ба ҳалокат расидани тифли маъсуми қумандони номдор Қувондиқ дар кулли деҳаҳои ноҳияи Лақай-Тоҷик овоза шуд. Ин фоҷиаи гӯшношунидро ба ҳар тарзу бо ҳар гуна мақсадҳо шарҳ медоданд. Мегуфтанд, ки аз касофатии Қувондиқ ин рӯзи сиёҳ ба сари бачааш омадааст, мегуфтанд, ки дар ҷавоби бадиҳои зиёди дар ҳаққи одамони бегуноҳ раво дидааш Худованд ба ӯ ҷазо дода. Хешовандон низ аз ӯ дилмонда шуда буданд. Ба ҷанозаи тифлаш ҳам одамон наомадаанд ва як мулло гӯё гуфта, ки ҷанозаи бачаи Қувондиқро нахонанд ва ҳатто мурдаи ӯро дар гӯристон роҳ надиҳанд. Тифли бегуноҳ беҷаноза монда. Ин хабарро эшони домулло Мирзо мешунаванд. Мегӯянд убол аст, ки аз ҷаҳл ҷанозаи тифли бегуноҳро нахонанд, ҳамроҳи эътиқодмандон, муридон, шогирдон, одамони бисёре, ба деҳае, ки Қувондиқ он ҷо мезист, меоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё