БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

«Домулло» дар дили шаб нопадид шуданд. Тани танҳо куҷо рафтанд? Дар шаби зимистон рӯ ба ҳазор балою сиёҳиҳо? Рӯ ба даруни куҳ, ба дараҳо? Куҳу дараҳо пур аз гургу хирс, ҳайвонҳои одамхур. Аз эшони домулло чи гуноҳе гузашта, ки дучори ин қадар азиятҳо гаштаанд? Завҷаи домулло ақиб гаштанду ба хонаи гарм даромада дарро оҳиста аз пасашон бастанд.
Пагоҳӣ фарзандон аз хоб хестанд. Падари меҳрубонашон набуданд. Онҳо бехабар, ки шаб дар хонаашон чи гапу ҳодисаҳо рух дода. Нафаҳмиданд. Нафаҳмиданд, ки шаб хонаашон «атратҳо» омада ҳамроҳи қумандон Қувондиқ ҳама ҷо, то даруни оғилу коҳдон, алафхона ва ҳатто мурғхонаҳоро кофта, эшони домуллоро наёфта баромада рафтанд. Ҳама ҷойро кофтанд.
Лекин ба молу ашё, чизу чораҳои хонаҳо, ба тифлакони хоб кордор нашуданд.
Ҳодисаҳои одамонро кофта ба хонаҳо даромадани силоҳдорон дар замони шӯравӣ ба сари падару модаронамон омада буд. Ин амалро одамоне ба ҷо меоварданд, ки ба забони ғайр, бо русӣ ҳарф мезаданд. Аксар гунаҳгоронро меҷустанд, лек ба дигарон кордор намешуданд, молу ашёҳои хонаро намебурданд. Ҳамин ҳодисаи ба хонаҳо даромада одамонро ҷустани силоҳдорон дар рӯзҳои мо низ ба амал омада буд. Аз ёдамон нарафтааст. Аз миён чор–панҷ сол ҳам нагузаштааст. Замони ҷанги байни тоҷикон – байни ҳамзабонон буд. Худо нишон надиҳад, агар силоҳдорон касе ё «гунаҳгоре»-ро ҷуста ба хонадоне медаромаданд, чи рӯзҳои нохуш ва гушношунидеро ба сари мардум меоварданд. Гӯё бегуноҳу гунаҳгор, кӯдакону пирони барҷомонда, занону духтаронро аз ҳам фарқ намекарданд, мепаронданд, мекуштанд. Даруни сандуқ, чойнак, миёни кӯрпа, таҳлиҳоро мекофтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё