Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Молу амволи хонаҳоро талаю тороҷ мекарданд, оташ мезаданд, ҳарчанд ба қавли худашон гунаҳгорро намеёфтанд.
Он пагоҳ модар ба фарзандон аз хусуси ҳодисаи шаб дар хонаашон ба амал омада ҳикоят карданд. Ва таъйини падарро ба фарзанди калон Меликхоҷа расонданд.
Ҳаво ҳоло соф шуда осмон чун гунбазе нилгун, тоза, беолоиш, беғубор чун булур. Офтоб рух намуда. Хунук, олам ях баста, аз хунукӣ сангҳо гӯё дар куҳ пора мешуданд, мекафиданд. Дар ҳамин хунукӣ эшони домулло Мирзо аз шаб дар кадом як паси санг, дар куҳ панаҳ бурдаанд.
Меликхоҷа аз рӯи тавсияҳои падар, ки ба модар фармуда будаанд, чойники мисини пури чой дар даст, дар бағал нон ва дар дасти дигар табар аз хона берун шуда.
Ба ногоҳ агар дар роҳ ба касе дучор ояд, аз ӯ суол шавад, ки куҷо равон аст, ӯ ҷавоб мегӯяд: Баҳри ҳезум, магар намебинанд, табар дорад, нон ва чой ҳам гирифтааст.
Ӯ аз деҳа дур шуд. Рӯ ба даруни куҳ, ба ҷониби дараи чашмаи Оби Шӯр мерафт. Падар аз гуфти модар дар ҳамин дара будаанд. Аммо дар паси кадом шаху даруни кадом ғор ва калфи санге? Намедонист. Бояд аз пайраҳаи танаи куҳ рӯ ба даруни он рафтан гирад, то куҷое, ки ӯро роҳ бибарад, пеш равад, худи падар Меликхоҷаро меёфтаанд.
Сари сангҳои баланд, болои теғаҳои куҳ нурҳои заросои офтоб афтода ҳама ҷо сап-сафед, куҳи баланди Бедак, теғаҳои сар ба осмон рафтаи он зери кӯрпаи барф монда. Шохаҳои дарахтони танаи куҳ, даруни дара аз барф хам зада, аз тобиши нурҳои офтоб ранги зарҳалӣ ёфта.
Меликхоҷа бо азоб, бо эҳтиёт аз пайроҳаи танаи куҳ пай мечид, пеш мерафт.

пешина
аз 182
навбатӣ