БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Дилдодаи осори Мирзо Абдулқодири Бедил, Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ. Бо лаҳни хуш ва овози ширин китоб мехонд, шеърҳо қироъат мекард.
Пас аз чанд рӯзи ба деҳаи Кабку кӯчида омадани эшони домулло Мирзо ба сари шогирди азиз, дӯсти меҳрубонашон, муаллими деҳа нохушӣ омад…
Муаллим дар яке аз ҳуҷраҳои мактаб, ки ӯ он ҷо дарс мегуфт, мезист. Хонааш дар паҳлӯи синфхонаҳо. Аз дари хона, аз назди завҷа ва тифлаки хурдсолаш берун мешуду ба синфхона назди шогирдон ворид мегашт.
Рӯзҳои зимистони ҳамонсола то рафт хунуктар мешуд, хунукии қаҳратун.
Муаллим ҳезум надошт, ки хонаашонро гарм созад.
Чанд сари чӯб, тапак ва шохаҳои хушк, ки шогирдон оварда буданд, алов шуданд. Як-ду рӯзнома ва варақҳои даридаро ҳам болои алов монд, ба қавле онҳо як ҳур гуфта, оташ гирифтанду хомӯш гаштанд. Хона ба мисли яхдон, аз зери равакҳо, аз сурохиҳои деворҳои андованашуда ба хона шамол медаромад. Тифли бемори муаллим забон дар даҳон нагирифта гиря мекард, мегиристу мегирист. Завҷааш ва муаллим чи тавр гарм кардани ӯро намедонистанд. Кӯрпачаҳоро болои гаҳвора партофтанд, лекин хона, ки гармӣ намеёфт, даруни гаҳвора сард, яхдон барин.
Ба ногоҳ ба хотири муаллим чанд пора тахта, тахтаҳои шикаста омад. Онҳо дар кунҷи як синфхона рӯи ҳам партофта шуда. Муаллим ноилоҷ монда буд. Бо дили пурҳарос ҳамон шаб муаллим ду тахтаи партаҳои шикастаро гирифта, бо теша майда кард. Дар дегдони миёни хона гулхан афрӯхт, хона гарм шуд, тифл ором гашт, ба хоб рафт. Аммо аз ин ҳодиса як-ду рӯз нагузашта, аз ноҳия одамони ҳукумат омаданд, онҳо хабар ёфта, ки муаллими сурх, чашми ҳукумат дар деҳаи Кабку мухолифи таълим ва тарбия баромада партаҳои мактабро шикаста, алов кардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё