Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Роҳашон дар он шаби маҳтоб қад-қади сангоби Рангон, аз миёни дараҳою канори теппаҳои баланд мегузашт. Онҳо тамоми шаб роҳ паймуда, айни субҳдам ба деҳаи Кабку, ба манзили навашон, ба кулбаи лоини бомаш хаспӯш, ки баҳри онҳо ҷудо шуда буд, расиданд.
Деҳа ба назари эшони домулло Мирзо дилкушо.
Кулбаҳои аҳли он, ки бомҳояш ҳама хаспӯш буданд, дар ҳамворӣ ҷойгир. Кулбаҳо ба назар кам, ба ҳисоб, 15 ё 20 хонавода. Аз канори шарқии деҳа оби сангоби Рангон ҷорӣ, аз ҷониби офтобшин дарае деҳаро аз теппаҳо ҷудо менамуд. Дар баҳорон теппаҳои атрофи Кабку сабзу хуррам, гулпӯш мегаштанд.
Аҳли деҳа аз он, ки эшони домулло Мирзо барин як шахсияти номдор, баландмартаба, олим ҳамроҳашон зистан ихтиёр кардаанд, шод буданд. Ба ҳамдеҳаи навашон, ба аҳли оила, фарзандони эшон ҳама меҳрубон. Ба гуфтае, ки мардуми деҳа об гарм мекарданд, ҳазрати домуллоро аз хотир намебароварданд, як коса ордоб ва як луқма нонро бо ҳам медиданд. Дар хаёлашон деҳаи хурдакаки камаҳолии онҳо аз туфайли эшони домулло Мирзо равшанӣ, нуру намуд пайдо карда. Ин равшанӣ ба мағз – мағзи ҷону дилҳо ҷой ёфта. Бо ҳидояти эшони домулло Мирзо мардум бо ҳам намоз мегузоштанд, бо ҳам шабҳо то дергоҳ менишастанд. Домулло бо онҳо аз гӯру қиёмат сӯҳбат мекарданд, китоб медиданд, китоб мехонданд. Мардум аз баду нек огоҳ мегаштанд. Муаллими деҳа ва раис ба эшони домулло Мирзо аз ҳама бештар меҳрубон. Онҳо ҳам мисли он кас мусофир.
Муаллим аз Самарқанд, раис бухороӣ. Завҷаи раис зани босавод.

пешина
аз 182
навбатӣ