Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Он солҳо дар деҳаҳои ҷамоаи Роҳатӣ пахта намекориданд, об набуд. Баъдтар канал канда аз дарёи Кофарниҳон ба ин ҷо об оварданд. Мардум дар айёми пахтачинӣ осуда набуданд. Хурду калони деҳаҳои ҷамоаи Роҳатиро барои пахтачинӣ ба колхози ҳамсоя – ба колхози ба номи Ленин мебурданд. Дар давоми дусе моҳ мардум хонаҳояшонро намедиданд. Шабу рӯзашон дар даруни ҷӯякҳои пахта мегузашт, аз субҳ то шаб пахта мечиданд. Эшони домулло Мирзо ҳам бо аҳли хонадон – бо зану фарзандон ҳамроҳи ҳамдеҳагон пахта мечиданд, ба онҳо ёрӣ мерасонданд. Аз ин ҷиҳат аз эшони домулло Мирзо роҳбарони колхоз, фаъолони ноҳия розӣ, қаноатманд буданду он касро эҳтиром мекарданд. Баъд дар он солҳои баъди ҷанг фармоиш шуда, ки эшони домулло Мирзо вазифаи имомхатибии масҷиди ҷомеи ҳазрати Мавлоно Яъқуби Чархиро ба ҷо оранд. Роҳашон дур, аз деҳаи Нилкон ба масҷиди Мавлоно Яъқуби Чархӣ рафта меомаданд. Солҳо мегузаштанд, шогирдонашон ҳамроҳашон.
Аввалҳои баҳори соли 1950-ум бемор шуданд, бемориашон давом меёфт. Шогирдонашон, аз ҷумла, охунди мулло Сайиднеъматулло, эшони Занбӯр, эшони Абдулмуъмин, эшони Санг, мулло Шариф, мулло Абдусалом ва домоди калониашон эшони Миён Абду Борӣ ҳамроҳашон, чи хеле мегӯянд, он касро бардорумон мекарданд. Домодашон Миён Абду Борӣ аз рӯи нишондоди духтурҳо аз дорухонаҳои Душанбе барояшон дорувориҳо меовард. Доруҳоро бо маслиҳати домодашон истеъмол мекарданд. Вале нишонаҳои сиҳатёбӣ ҳис намешуд.
Ба замми ҳамаи дарду заҳмат, дар рӯзҳое, ки бемориашон вазнинтар мегашт, аз ноҳияи онвақтаи Роҳатӣ, ки ҷамоаи Роҳатӣ ба ҳудуди он ҳамроҳ буд, хабар омад, ки боз аз пайи дастгир кардани эшони домулло Мирзо афтодаанд.

пешина
аз 182
навбатӣ