Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ҳамон рӯзҳо аҳли деҳаи Роҳатӣ чун пагоҳие аз хоб хестанд, диданд, ки дарвоза, дару дарбачаҳои хонаи Абдураҳимбой ба пушт кушодаю аз аҳли хонадон ному нишон намонда. Онҳоро ба Сибир бадарға карда будаанд.
Хабар омада, ки эшони домулло Мирзо низ ба Сибир бадарға мешудаанд.
Лозим омад дар рӯзҳои охири умр боз рӯ ба гурез оранд.
Ҳамон сол эшони Насриддин аз деҳа берун, дар наздикии боғҳои ангур замин гирифта, хонаю ҳавлӣ бунёд мекард. Деворҳои хонаҳояш ду-се похсагӣ баланд шуда буданд. Даруни хонаҳо алафзор, алаф баланд. Шаб, ҳангоме, ки ҳама ба хоб рафта буданд, шогирдон ва фарзандон эшони домулло Мирзои беморро миёни гилем бардошта аз деҳа берун ба ҳамин хонаҳои нимкорабунёди эшони Насриддин оварданд.
Болои кулӯхтӯда, алафҳои баланд барояшон ҷойхоб густурданд. Дард азияташон медод, нафасашон кӯтоҳӣ мекард. Дарун-дарун сӯхта сиёҳу кабуд мегаштанд, лек баланд нолиш карда наметавонистанд, тоб меоварданд.
Ситораҳо болои сар дурахшон, нурафшон, осмон софу беғубор. Вале ҳамаи ин манзараҳо ба назари бемор ва фарзандонашон наменамуданд. Мору калтакалосҳои дашт ба ёд намеомад. Аз одамони ҳукумат дар ҳарос буданд. Лаҳзае, ки андаке аз дард фориғ мегаштанд, чашм мекушоданд, чашмашон ба ҷойхоб, ба тифлаконашон меафтод. Онҳо низ ҳама гӯё бедор, баробари падар дард мекашиданд, ҳама дар ҳарос. Шогирдон ҳам саргардон, дар ташвиш. Як умр рӯзи орому осудагӣ надидаанд эшони домулло Мирзо. Ҷояшон ҳабсхонаҳо, даруни коҳу алаф, даруни калфи сангҳо.

пешина
аз 182
навбатӣ