БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Ӯ оҳиста дарро пӯшида дар як ҳолати маҳзунӣ дастонаш пеши бар назди девор истод. Телефон занг зад. Саросема гӯшакро бардоштам. Сардор бо ман гап мезад, бо қаҳр, бо ғазаб гап мезад.
Бо даст ишора кардам, ки Ёдгор аз дар берун равад, маро он ҷо нигарон шавад.
Аз суханони такдори сардор ба обу арақ ғӯтидам.
Сифати биноҳои сохтаи ман дар маҳаллаи навбунёд бад, паст ва ҳоказо... Барои ин ва боз чанд камбудии дигар баъди ду рӯз ҳисоботи маро дар ҷаласаи аҳли мушовара мешунидаанд. Масъалаи дар вазифа мондан ё намондани ман ҳал мешуд.
Гӯшаки телефонро ба ҷояш мондаму намедонам чӣ қадар вақт сарамро миёни кафҳо гирифта хомӯш истодам. «Барои ҳамаи ин кӣ гунаҳкор? Айби кӣ? – ба худ суол медодам. Гунаҳкор муҳандис, сардори участка, бригадирҳои ҳаромхӯр. Онҳо масолеҳро як бар ду фармуданду лекин нимашро барои биноҳо истифода набурдаанд. Онҳо аз пулҳои ҳаром ҷиғилдон пур кунанду калтак ба сари Манучеҳр Каримович ояд? Не, ин тавр намешавад, Манучеҳр ҳам аноӣ нест, гурги борондида аст, чи карданашро медонад, агар гап дар сари аз вазифа рафтани сардори управления бошад, ӯ ҳам кафши чанди инҳоро пеш мегузорад. «Ин корро ҳамин ҳозир мекунам, дер не, ҳозир!». Тугмачаи зангро пахш кардам. Котиба саросема наздам даромад. Ҳанӯз ларзаи дилам намонда буд, пай бурд, ки ниҳоят дарғазабам.
Сар ба пеш афканд. Вай мунтазири фармоишам буд. Ба ӯ гуфтам, ки ҳамаи сардорҳои участкаҳо, муҳандис, меъморонро наздам даъват намояд. Таъҷилӣ, ҳозир, ҳамин лаҳзаҳо! Котиба сар боло накарда ақиб рафт.
– Ист, – фармоиши нав дорам. Духтарак тарафам рӯ овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё