Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Ҳеҷ касро даромадан намон, – оташи ғазабам баландтар аланга мезад.
– Хуб шудааст, Манучеҳр Каримович, – овози маҳини духтаракро шунидам...
Ба хона хеле дер баргашатам. Ҳамсарам либоси хонагӣ дар бар аз ошхона баромад.
– Ин қадар дер омадед?– гуфт ӯ.
– Осудагӣ надорам, маҷлис доштам, – оташин будам.
– Имрӯз ҷӯраатон Ёдгор омада буд, аҳволаш вазнин.
Шуморо ёфт? – Боз пурсид ӯ.
– Эҳ, рост мегӯӣ, Ёдгор омада буд, – ба хотирам
омад.–Аҳволаш бад, ӯро назди духтур бурданӣ будам.
Марг ба ин серкорӣ, ёру рафиқат ҳам фаромӯш мешавад, аз хотир меравад, – таассуф хӯрдам.
Чанд моҳ гузашт. Ёдгор дигар назди ман наомад. Ният кардам, ки ӯро дида узр пурсам. Аз ваҷҳи саломатиаш
мушавваш будам. Вале дидораш муяссарам нашуд.
Рӯзе писараки ба тахмин чордаҳ-понздаҳсолае
оҳиста дари хонаамро кушод. Симояш ба назарам гарм
намуд. Ба Ёдгор монанд. Ҳа, ӯ писараки Ёдгор буд, боре ҳамроҳи падараш дида будам.
– Падарат наомад? – пурсидам.
– Падарам, амакҷон, падарам... пайкари писарак ба
ларза даромад. «Падарам, амакҷон...» – гуфту худро ба
оғӯшам партофт. Оби дида ба рухсораҳоям мефуромаду сари писаракро навозиш мекардам. «Ёдгор, Ёдгорҷон, Ёдгор...» ба ҷону ҷигарам дард менишаст ва пайкарамро меафшурд.
Бо ҳамин дигар ман ба деҳа рафта натавонистам. Вале
ҳар гоҳ маро хумори он мегирад, хумори хешовандон,
ҳамдеҳагон, одамони нигоҳҳояшон пурмеҳр. Хумори
кӯчаҳои каҷукилеб, хумори саҳни масҷид, подаҷош, вале деҳа рафта наметавонам, деҳаро хоб мебинам...

пешина
аз 182
навбатӣ