БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

«Худо давлати ҳамсояҳоро зиёд кунад», бо хаёли фарзанди ягонааш нимаҳои шаб аз хонаи онҳо меояд, шабаш, ки саҳар шуд, боз аз кулбааш берун меравад.
Ҳамон шаб ҳам модар аз хонаи ҳамсояҳо дер баргашта оҳиста тарафи дарвоза даст бурд. Ин дарвозаро раҳматии шавҳараш баъди ба дунё омадани ҳамин Талбакҷонаш сохта буд. Гирди ҳавлиро аз нав девор бардошта, дарвоза шинонд. Падар ҳам ҷигарсӯхта буд.
Фарзандҳояш ба дунё наомада нобуд мешуданд. Худо ба онҳо Талбакҷонро лоиқ дид. Тӯй карданӣ буд падар, тӯйи калон. Аммо орзуҳояш дар дил монд. Пеш аз марг ба Сабрия васият кард: «Талбакро хор накунад». Талбак бепадар монд, лекин хор нашуд. Ҳамаи дороии модар барои ҳамин фарзанд сарф шуд. Гули хӯрокро хӯронд, гули либосро ба ӯ пӯшонд. Ҷавон буд модар, ба хотири ҳамин як фарзанд шавҳар накард. «Раҳрезу рӯрез нашавад бачаам» гуфт. «Бачам» гуфту ӯро бонӣ кард, калон кард. Сонӣ келин фуровард.
Кампири Сабрия бо андешаҳои зиёд дарвозаро оҳиста тела дод. Кушода нашуд. Онро аз дарун занҷир андохта будаанд. Пиразан, асояш миёни кафҳо, болои як санги таги дарвоза нишаст. Хунук хӯрда буд. Ҷуръати дарвозаро тақ-тақ задан ё овоз бароварда фарёд кардан надошт. Хеле вақт гузашт. Оҳиста аз ҷояш бархост.
Дарро боз тела дод. Руст буд. Сулфааш омад. Сулфид, баланд месулфид, бо умеде, ки дари ҳамсояе боз мешавад. Вале дар ин ғояти шаб мардум ҳама хоб буданд.
Акнун вай, кампири барҷомонда, чӣ кунад? Ё дарвозаи ягон ҳамсояро кӯбад? Дар ин поси шаб... Чӣ мегӯянд? Гӯяд, ки писару келинаш дар ин шаби зимистон дарро ба рӯи вай бастаанд, аз хонаашон бароварда пеш карданд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё