Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Вале хоҳиши
арӯси зебо барои ӯ аз ҳама зӯртар буд.
– Ҳар рӯз ту ҳамин хел мегӯӣ, оча, ҳазор бор мегӯӣ,
– бедимоғ гуфт Талбак. – Диламро хиҷил мекунӣ, зиқ
мешавам. Ғами маро намехӯрӣ, фикр намекунӣ, ки аз
зиндагӣ, аз рӯзу рӯшноӣ мемонам. Баъд, оча, охир ту бе
хешу табор нестӣ, хоҳар дорӣ, ана бачаҳои амакат
ҳастанд. Ман туро намепартоям, хабар мегирам.
Модар дар ҷавоб ҳарфе нагуфта дари хоначаашро
кушод. То пагоҳ аз он берун наомад, худ ба худ гап ҳам
назад. Гӯё ҳушёр шуда буд. Вале «ҳушёр» шуданаш
ҳам нафъ наовард. Талаби келин аз писари вай қатъӣ
будааст. Рӯзи дигар аз пагоҳӣ дар хонаашон боз шӯру
мағал шуд. Келин либосҳояшро ба як рӯймоли калон
баста аз хона баромад.
– Ман меравам, агар вай наравад, ман меравам, зан
гир, зани хушрӯйтар ёб ту! – гуфт ӯ ба Талбак.
Талбак бо ғазаб дари хонаи модарро кушод.
– Оча, ана бин, келинат меравад, тамошо кун, ба дилат мешавад. Ҳаминро мехостӣ, бе зан мемонӣ ту маро,
бе зан, бе Гулҳарам... Панҷаҳояшро бо ҳам мефишурд
Талбак, забон мегазид, меларзид.
Модар аз ғазаби писар, аз чашмони беҷошудаи ӯ
тарсид. Ҳафтаи гузашта ҳам вайро ӯ беҳуда озор дод,
ба сараш мушт бардошт, заданӣ шуд. Аз як ҷиҳат айби
худи Сабрияхола ҳам ҳаст. Мурод талабида буд, ки
Талбакҷонаш ӯро занад, кубад, ба модар лаби нон раво
набинад, умраш дароз шавад. Ана, муроди талабидаи
модар мустаҷоб шуда.
Кампири Сабрия гирист, ашки чашмонашро пок карда, аз ҳавлӣ баромада рафт...
Баъди ҳамон рӯз модар ба писару келинаш рӯ ба рӯ намешавад.

пешина
аз 182
навбатӣ