Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Кому забонаш хушк шуд. Вале медавиду медавид... Бо ҳамин ҳол вай ба деҳа омад.
Чанд дарро зад. Ниҳоят аз хонае шир ёфт, хурмачаи пури шир дар даст ӯ боз ба роҳи омадааш баргашт, саҳар нашуда дари беморхонаро кушод. Талбак шири модар овардаро хӯрд, андаке мадор гирифта «оча»
гуфт. «Дар забони оча мегуфтаат бимирам, Талбакҷон», шодӣ дошт модар. Ҳеҷ гоҳ модар ин қадар хурсанд нашуда буд, «оча» гӯён ба сухан омадани Талбакашро дар он лаҳзаҳо шунид. Ташвишу кулфатҳояш фаромӯш шуданд. Шукр гуфт, шукри ҷони фарзанд гуфт.
Бале, он вақт ҳам модар ба хотири фарзанд шаб монда буд. Имшаб ҳам сабаби дар роҳ мондани ӯ ҳамин фарзанд. Вале акнун вай он Талбаки хурдсол нест, мардаки калон, хонадор аст. Ҳамин Талбак дар ин шаби қаҳратуни зимистон дарро ба рӯяш маҳкам кард. Модар ҷои сарпаноҳ наёфт. Ҳоло беҳолу бемадор шудааст, аз миёни дашти пурбарф асозанон роҳ меравад, барф сару рӯяшро сафед кардааст, аз хунукӣ панҷаҳояш шах шудаанд, асо аз дасташ меафтад, панҷаҳояш бо ҳам намеоянд, ях бастаанд.
Кампири Сабрия ба деҳаи Лолазор расид. Ҳис намуд, ки хонаи хоҳарашро ёфт, бо асои дасташ дарвозаи ӯро чанд бор кӯфт. Баъди ин дигар чизе ба хотири пирзан нест. Ба худ омад, хоҳараш Наргис ва фарзандони ӯ болои сари вай менишастанд. Чанд шаб аз миён гузашт, боз хаёли модар ба фарзанд – ба Талбак шуд. «Талбак, Талбакҷон», зикр мекард номи ӯро.
Як шаб бо тарс аз хоб бедор шуд. Хоҳарашро, ки паҳлӯи ӯ хобида буд, «очаи Шарофат, очаи Шарофат»,
– гӯён бедор кард.
– Чӣ ғоти шаб аст? – пурсид кампири Сабрия аз хоҳараш.

пешина
аз 182
навбатӣ