БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

– Ҳоло барвақт, апа, хоб кунед, бароҳат хоб равед, –
гуфт очаи Шарофат.
– Талбакҷонро хоб дидам, хоби ганда дидам.
– Ин хел нагӯед, апа, ба хоб агар одам бовар кунад,
чи корҳое мешавад, – ӯро тасаллӣ доданӣ шуд хоҳар.
– Ҳамин хел мегӯӣ, ту очаи Шарофат, ман бандаи
бетақдирам, ҳамон соли раҳматӣ шудани язнаат ҳам
ҳамин хел хоб дида будам. Хоб дидам, ки як ними девори ҳавлӣ гашт. Ин хоби хуб нест. Дилам барои Талбакҷон меларзад, пеши пойҳои вай бимирам ман, – модар аз ҷояш хестанӣ шуд. – Меравам ман, очаи Шарофат, ба дилам алов ғалтид, наметавонам.
– Апа, хоб равед, ҳеҷ гап нест. Пагоҳ бачаҳоро равон
мекунам. Талбакҷонро хабар гирифта мебиёянд, – очаи
Шарофат боз ба ҷойгаҳаш даромад. Пас аз лаҳзае хоби
ӯ бурд. Вале дар дидагони кампири Сабрия хоб набуд.
Вай боз худ ба худ бо писараш дар сӯҳбат шуд: «Бачам,
худо гирад, димоғи нозуки очата, ба тавраш малол шуд,
туро партофта хонаи хоҳараш омад. Мехӯрдагиаш ин
ҷо гӯшти гӯсфанду равғани думба. Заҳра хӯрад, дар баданаш ошӣ накунад. Чор рӯз боз туро надида тоқат
карда гаштааст. Ин чор рӯз ба вай аз чор сол ҳам зиёд.
Ҳоли ту чӣ шуда бошад? Хоб медидӣ, дар хобат метарсидӣ, ин қадар соқ ҳам нестӣ. Аз назарам дур шудӣ. Занат ба ту чою нон мекунад, гушна-ку намондӣ, бачаи
оча?»
Кампир чанд бор берун баромаду ба хона даромад.
Ниҳоят вай ба хоҳараш нафаҳмонда яктаи суфи сафедашро ба сар кашиду асояшро гирифт.
Вақте ки кампири Сабрия ба ҳавлиаш даромад,
офтоб рух намуда буд. Деҳа зери нурҳои он бисёр зебо
метофт. Аз ҳар хона садои гуфтугӯву ханда. Вай дарвозаро пӯшид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё