Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Саросема қадам монд. Писарашро мебинад. Ин қадар рӯзҳо аз дидораш маҳрум шуд, дар рӯи
базебу қомати баланди Талбакаш бимирад. Ӯро вай дидан мехоҳад, модар пазмон шудааст. Ана, қоҳ-қоҳ
хандидани Талбакро мешунавад. Аз афташ вай дар пешайвон истодааст. Бо арӯсаш гуфта механдад, дар
хандаҳои ӯ модар фидо шавад. Аз кӯдакӣ Талбак ҳамин
хел механдад, хандаҳои ширин дорад. Ба модар мефорад ин хандаҳо.
Модар аз роҳрав тарафи хона гашта буд, ки Талбак
намоён шуд. Кор мерафт ӯ. Келинаш аз паси ӯ меомад.
«Барвақттар биёед, ҳаял накунед», – гуфт. Рост мегӯяд
духтарак, ба дили кампири Сабрия мегӯяд. Талбак тарафи арӯсаш гашту «ҳаял мекунам», гӯён шӯхӣ кард. Пиразан аз ин ҳазли фарзандонаш шод гашт. «Гулу булбул барин, ҳамеша ҳамин хел бошанд», – ба дил гуфт ӯ.
Вале ҳамин лаҳза ҳам писар ва ҳам келин ӯро диданд. Диданду табассум, ханда аз лабонашон гурехт.
– Бачаҳом, нағз ҳастетон, худо ҳардуятонро ҳам нигаҳбон шавад, – хиҷолатманд аз Талбаку келинаш
аҳвол пурсид кампир.
– Оча, боз омадӣ? – Аз дидани модар дар ҳайрат
монда буд Талбак.
– Ҳа, бачам, омадам, бе ту ман дар ҳеҷ ҷо зиндагӣ
карда наметавонам, дар хонаи ту, пеши пойҳои ту
мемирам ман, бачам. Якрӯза мурдаамро худат соҳиб
шав, бачам! – гуфт модар бо овози гирифта.
Талбак ба занаш чизе гуфтанӣ шуд. Вале духтарак
боитоб аз вай рӯ гардонд. Сабаби ба ғазаб омадани ӯро
боз кампири Сабрия фаҳмид.
– Ту, оча, моро тинҷ зиндагӣ кардан намемонӣ, аз
афташ, охираш хонавайрон мешавам.

пешина
аз 182
навбатӣ