Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Рӯзи дигар муаллим Содиқи Ҷаъфар ба мактаб наомад. Бемор шуда будааст, ӯро ба беморхона бурда будаанд.
«Роҳи дигар набошад, чӣ кунам?» Ризои Раҳмон хандида ботинан шод гашт ва мудири илмиро дарҳол ба наздаш хонд.
– Фаҳмидед? Муаллим Содиқи Ҷаъфар касал шудаанд? – Бо димоғи сӯхта хабар расонд ӯ, таассуф хӯрд, – гуфта будам-ку, муаллим беҳуда аз дарс намемонанд, одами бовиҷдон, меҳнатдӯст... Ин хелҳо каманд, – ягон-ягонанд, фидоиянд.
Содиқи Ҷаъфарро ситоиш кард мудири мактаб ва ба мудири илмӣ фармуд, ки ҳамроҳи ду-се нафар муаллим ба аёдати ӯ раванд.
– Коре шавад, муаллим мусофирӣ ҳис накунанд, он кас дар ин қишлоқи мо одами наванд, – гуфт Ризои Раҳмон ва кулоҳашро ба сар монда дар тарадуди рафтан шуд. Хонааш рафт. Дар як рӯймол себу ангур, анор ва ҳар гуна меваҳо гирифт.
Дар беморхона, аллакай муаллимон ҷамъ омада буданд. Ризои Раҳмон ҳам ба ҳуҷраи бемор даромад... Бо дидани Ризои Раҳмон гӯё як дарди муаллими куҳансол ҳазор дард шуд, вайро гӯё мору ғунда газид, ҷонаш бедаво. Ба худ печид, ба ҷунбидан даромад, худро ба куҷо занад? Аз назари ин одам ба куҷо паноҳ барад? Андаке пештар бо ҳозирон гап мезад, дар лабонаш ханда буд...
Ризои Раҳмонро дида бемор ба мисле аз забон монд.
– Муаллим, чӣ шуд? Сиҳату саломат будед-ку! Ё шӯхӣ мекунед, муаллим, хезед, хезед. Ё хутукҳо лагат заданд? – Ризои Раҳмон баланд механдид. – Анор овардам, муаллим, анорҳои боғи худам, меҳнатӣ, ширин, дору, фоида дорад, хӯред. Ӯ рӯймолашро кушода, меваҳои овардаашро назди муаллим, болои миз монд. Вале муаллим ба пурсишҳо, меҳрубониҳои мудири мактаб ҷавоб намегардонд, аз ӯ рӯ гардонд, ба девор рӯ овард.

пешина
аз 182
навбатӣ