БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Ҳозирон аз ин рафтори муаллим ҳайрон буданд. «Ба қадри некӣ намерасидагӣ барин ин одам», – аз дил мегузарониданд.
– Хайр, муаллим, – ҳозирон аз сари бистари Содиқи Ҷаъфар хестанд. Ризои Раҳмон ба ӯ дар танҳоӣ чизе гуфтанӣ буд, ки худашро ақиб кашид. Ҳама аз назди муаллим баромаданду ӯ монд. Болои сари муаллим истод... Гӯё ӯ барои ситонидани ҷони бемор омада буд, бемор бетоқаттар гашт.
– Садқаи одам шавӣ, роҳи халосиатро ёфтӣ?
– Шумо чӣ гуфтаниед?
– Намедонӣ?
– Дар хаёлам намондааст.
– Худо шоҳид аст.
– Муаллим, – дари ҳуҷра кушода шуд, Ризои Раҳмонро ҳамроҳонаш интизор буданд.
Нигоҳи муаллим ва Ризои Раҳмон ба ҳам хӯрд. Гӯё онҳо хайрухӯш гуфтанд.
Рӯзи баъди беморӣ ба кор омадани Содиқи Ҷаъфар дар мактаб маҷлиси умумии муаллимон даъват шуда буд... Маҷлисе, ки Ризои Раҳмон орзуманд буд.
Дар маҷлис рақиби деринаи ӯ Ҷобиров муҳокима мешуд. Вай пеш мудири мактаб буд. Ва ӯ бо ҳазор азобу таҳлука ва афтударафтҳо ҷои Ҷобировро гирифт. Ва боз имконе омада, ки аз муаллимӣ ҳам ронда шавад.
Сарфу хароҷоти зиёде карда дар газета мақола чоп кунонд. Ҳоло аз идораи рӯзнома ҳам омадаанд. Мехоҳад дар масъалаи сиёҳ шудани Ҷобиров гапи ҳамаи муаллимон ду нашавад. Лек ноомадии кор шудааст. Содиқи Ҷаъфар дар ҳамин рӯз сиҳат ёфта ба мактаб омадааст.
Ҳамин одам намурд, ки Ризои Раҳмон халос шавад. Аз афташ кушиаш ҳам гапи ҳақ мегӯяд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё