БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

ШАҶАРАНОМА
ДЕҲАИ МО
Деҳаи Нилконро Некон ҳам мегӯянд. Аммо номи Нилкон маъмултар аст. Дар ҳамаи мавридҳо Нилкон мегӯянд. Ва ҳамин тавр менависанд. Чӣ маъние дошта Нилкон ё Некон? Ба чӣ муносибате чунин номҳо ёфта деҳаи мо?
Тахминҳо ҳар гунаанд. Мегӯянд, дар гузашта, дар ким-кадом замоне дар ин маҳал аз гиёҳе нил ҳосил мекардаанд. Маънии нил дар луғат чунин шарҳ ёфтааст:
Нил-гиёҳест дар мамлакатҳои гарм, ки аз шираи он ранги нилӣ мегиранд; ранги кабуди баланди сиёҳтоб, ранги лоҷувардӣ, осмониранг. Боз мегӯянд, замоне дар ин ҷо ҳама аҳли ҳунар мезистаанд, матоъ мебофтаанд, ба матоъҳо ранг медодаанд. Ва дар зери қалъае, ки дар поёни деҳа мавҷуд аст, дар соҳили сангоб бозор будааст. Дар танаи қалъа изи хумҳо ба назар метобад, хумҳое, ки аз қади одам баланд. Хумҳоро кандаанд, сафолпораҳо мондаанд, ки дар онҳо нақши ранг мавҷуд аст, ранги нилӣ. Хумҳо пур аз ранг будаанд. Ва он барои ранг додани матоъҳои бофандагон истифода мешуда ва агар ин ривоятҳо бесабаб пайдо нашуда бошанд, пайдоиши номи деҳа бо ранги нил алоқаманд.
Ва шояд мардум ба ҳамин хотир ба маҳаллаи мо кони нил-Нилкон ном мондаанд.
Ва гуфтем, ки деҳаи моро Некон ҳам мегӯянд. Ва бо ин ном ҳам зикр шудани деҳа сабаб дорад. Қадима аст.
Замоне ба ин гӯшаи хушманзар гузори гурӯҳи одамоне афтода. Онҳо соҳибилм, бофазл, соҳибмартаба.
Дар он айёми баҳорон, дар ин гӯшаи афсонавии сердолударахт, пургулугиёҳ, дар канори сангоб, ки обаш ширину нуқрасо буда чанд гоҳе рӯз гузарондаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё