Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ин касро болои сарамон бароварда мондеду
боз дилмонда...
Ҳамин қадар монда, ки пойҳояшонро ба лаълӣ гирифта гардем...
Муаллимони дигар ҳам ғавғо бардоштанд. Духтурҳо
ҳис карданд, ки шикояти Содиқи Ҷаъфар беҳуда. Ӯ бемор, рӯҳаш коста гашта...
– Аз шумо узр мехоҳам, муаллим, аҷаб не, ягон камбудие аз ман содир шуда бошаду худам бехабар. Минбаъд такрор намешавад, маро бубахшед... Бо вуҷуди он,
ки гуноҳ надоштани Ризои Раҳмон аз оина равшантар
гашта буд, дар охири маҷлис аз ҷой бархоста, аз муаллим узр хост, дастҳо пеши бар наздаш сари тавозӯъ фуруд овард.
Ҳама аз ҳуҷраи мудири мактаб рафтанд. Муаллим бо
умеде, ки боз дар танҳоӣ бо вай гуфтугӯ кунад, шояд
сухани некаш шунавад, шояд Ризои Раҳмон дигар вайро дашном намедиҳад, ба вай раҳм мекунад...
– Писарам... ба ӯ муроҷиат карданӣ шуд.
Вале Ризои Раҳмон аллакай шахси дигар гашта буд.
–Дар фалону фалонат... – гуфта ба дашномдиҳии вай
сар кард. Муаллими куҳансол боз аз ҳолу мадор рафт,
тана ба девор монд, гӯё боз нақши девор гашт... Ба муаллим Содиқи Ҷаъфар бовар намекунанд, ки Ризои
Раҳмон ба вай душман. Хешовандон, шиносҳои дуру
наздик ва фарзандони муаллим ҳам гумон доранд, ки
вай бемор, бемори рӯҳӣ шуда...

пешина
аз 182
навбатӣ