БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Ба ҷои салла ба сар телпак монд, телпаки пӯсти баррагини сип-сиёҳ. Шамшеру қаторвазна дар миён. Дудама дар соқи мӯза, камонро ба китф овехта пой бар ӯзангу ниҳод. Савори асп аз ҳазрати эшони Абдулвоҳид – аз пираш дуо ва иҷозаи аз дарвоза бурун рафтан хост.
Эшони Абдулвоҳид рӯ ба мазори Ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф, ки бо ҳавлии Ҳоҷимаҳмуд девор ба девор ҷойгир аст, даст ба дуо бардошта дуру дароз руҳу арвоҳҳоро ёд овард, дар сафари роҳи дур ба Ҳоҷимаҳмуд аз даргоҳи Худованд мадад хост, омин гуфт. Баъд садои суми аспи Ҳоҷимаҳмуд дар он шаби тираю тор ба гӯш меомад. Ҳоҷимаҳмуд аз кӯчаҳои тангу пурпечутоби деҳа рӯ ба роҳи дур асп медавонд.
Шаби дигар, ҳангоме ки дар деҳаи Нилкон субҳ медамид, боз садои тақ-тақи дарвозаи ҳавлии Ҳоҷимаҳмуд баланд гашт. Эшони Абдулвоҳид, ки ҳанӯз болои ҷойнамоз хаёлаш ба воқеаҳои нохуш – ба ҳодисаи бетахт шудани амири Бухоро буд ва ба даргоҳи Худованд менолид, садои суми асп, тақ-тақ зада шудани дарвозаро шунид. Аз ҷой бархост: «Ҳоҷӣ баргашт, хайрият, чӣ хабар оварда ӯ?» – Бетоқат гашта буд. Табақаҳои калонкалони дарвозаро хидматгорон кушоданд. Ҳоҷимаҳмуд савора вориди ҳавлӣ гашт. Наздики эшони Абдулвоҳид аспашро нигоҳ дошт ва пой аз ӯзангу канд.
Эшони Абдулвоҳид бесабаб хоб надида будааст, хоб бо таъбири эшон мувофиқ буда. Бухоро аз ҷониби русҳо ишғол шуда, амир рӯ ба ҳиҷрат, ба ҷониби Ҳисор оварда. Ин хабарро ба Бухоро нарасида дар Дарбанд шунида Ҳоҷимаҳмуд ва баъд ба ақиб, ба деҳа баргашта ӯ.
Ҳазрати эшони Абдулвоҳид ва Ҳоҷимаҳмуд дами дарвоза меистоданд. Ҳар ду хомӯш. Замину замон гирди сари эшони Абдулвоҳид гирдгардон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё