Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Хабари нохуш ва яъсовари сарнагун гаштани ҳукумати аморати Бухороро боди субҳгоҳӣ гӯё ба дуриҳои дур – ба гӯши ҳама мерасонд. Эшони Абдулвоҳид ва Ҳоҷимаҳмуд сар боло карда наметавонистанд, афсӯс ва таассуф мехӯрданд.
Онҳоро овози азони муаззин, ки аз масҷид баланд гашта буд, ба худ овард. Мавриде буд он лаҳзаҳо, ки субҳ медамид, вақти намози бомдод.
– Чӣ илоҷ? – ниҳоят эшони Абдулвоҳид пас аз таваққуфи зиёд ба сухан омад.
– Ноилоҷ ҳастем, пирам, ноилоҷ.
Ҳолатҳое ба амал меоянд, ки бандагони Худо чашмдор наянд. Муждаҳои ногаҳонӣ, ҳамин тавр аст тартиби зиндагонӣ. Баъзан бо омадани рӯзи нав хабари нохуш, гӯшношуниде мешунавӣ. Ҳамон субҳгоҳӣ мардуми деҳаи Нилкон ҳангоми намози саҳар аз забони Ҳоҷимаҳмуд ва меҳмони ӯ эшони Абдулвоҳид хабари шуми аз тахт бетахт гаштани амири Бухороро шунида буданд. Хабари барҳам зада шудани сояи Худо дар сарзамини аҷдодон.
Амир Олимхон ба мулки Ҳисор омад. Дар Ҳисори Шодмон, дар Душанбе рӯзҳои аввали аз ҳукумат маҳрум гаштанаш мегузашт. Дар деҳаи Нилкон шуниданд, ки амир Олимхон меҳмони онҳо мешуда. Дурӯғ набуда ин хабар. Чанд нафар аз сипоҳиёну муқаррабони ӯ дар ин мобайн ба деҳа омада рафтанд. Бо одамони номдор, гапрасҳои деҳа, сӯҳбат доштанд. Бо вуҷуди ин ҳам баъзеҳо ҳанӯз бовар намекарданд, ки амир Олимхон ба деҳаи онҳо меомада бошад. Дар ҳайрат буданд. Солҳои сол номи ӯро мешуниданд аҳли деҳа. Аз ному аз шаҳоматаш ҳама дар ҳарос.
Андоз ғун меоварданд, мегуфтанд, ки андоз барои хазинаи амир.

пешина
аз 182
навбатӣ